Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мешавад!.. Э, духтарҳо, ман ҳамин қадарашро донистам, ки дар дуньё барои ҳақиқат ва адлу инсоф талош кардан барин кори муҳим набудаст. Ҳамаи одамони асил дар ҳамаи давру замонҳо дар талоши адлу инсоф умр гузарондаанд, гӯянд, ба маънии ин суханон ба дурустӣ сарфаҳм намерафтам ва ё эътибор намедодам. Акнун мегӯям: хоҳӣ арбоби ҷаҳоншумули давлатӣ бошад мард, хоҳӣ олим ё шоири забардаст, агар вай ба қаллобию рӯбаҳбозӣ, ноҳақию номардиҳо олуда аст, ба як пули пуч намегирам ӯро!
— Ҳой, Занҷири занҷабил, ҷилави суханро ба сӯи дигар набару ба саволи ман ҷавоб деҳ, — сухани ӯро бурид Салима. — Доим мегуфтӣ — агар ман мард, мебудам, ку бигӯ, агар мард мебудӣ, кӣ барин мебудӣ?
Ҳамин Доварат барин? А? Рост бигӯ.
Занҷир дар ҷавоби ин чунин «истинтоқи» Салимаи шайтонхаёл, хаёлбанд, лабханде намуду қабл аз он, ки ба сухан даҳон кушояд, лаҳзае биандешид.
— Гӯш кун, Салимабону, — гуфт вай оқибат фикрашро ба як нуқта ҷамъ оварда, — агар ман мард мебудам, аввалан ҳаргиз зан намебудам. Сониян, ҷавонмарди аз ҳама боақлу фурӯтан мебудам, бовиҷдон, бериё, бетамаллуқ.
Иринаю Салима баробар лаб ба эътироз кушода аз ҷоҳои худ парида бархостанд:
— Ҳамаи мардон худро боақл мешуморанд!
— Ҳамааш худашро марди мардон меҳисобад!
— Не, ман дар сухан не, амалан ҷавонмард мебудам, Фақат барои наздикону пайвандонам ё ҳамфикронам не, дар муқобили мухолифонам ҳам ҷавонмард мебудам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо