Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Афсӯс, ҷавоне нобуд мешаваду касе парвое надорад. Дилам месӯзад, ҳайфам меояд, аммо чӣ чора, ӯро халос карда наметавонам. Бибиам мегуфтанд, ки дурӯғу фиреб катӣ ба осмон равӣ ҳам, баргашта омадан наметавонӣ. Бадалбеку Кабир маънии ин гапро намефаҳманд ва ё фаҳмашон расад ҳам, ба дурустии он шубҳа доранд, то табар омадан кунда осудаст мегӯянд...»
— Хуб, Занҷир, акнун бигӯ, агар мард мебудӣ, чӣ мекардӣ? Росташро гӯй, — Ирина аз қафо омада ӯро оғӯш кашиду риштаи андешаашро бурид. Сонӣ баргашта ба чашми вай рост нигарист. — Бигӯ чӣ мекардӣ?
— Агар мард мебуд, ба ту ошиқ мегашту Ориф барин ҳар рӯз гулдаста меовард! — ба кори худ машғул ба киноя хотиррасон кард Салима.
— Меовардам! — гуфт Занҷир ва бо ҳисси ифтихор ба сӯи Салима нигарист. Сипас, гӯё гуфтаи ӯро ба дурустӣ тасдиқ мекарда бошад, худ ба худ сар ҷунбонд.
— Ориф дӯстдорӣ метавонад. Нусхаи амаки Лочин аст.
Э, шумо ӯро намедонед, як бор ба қаъри чашмони вай нигариста, дарди дилашро мехондед агар... — вай хаёломез ширин табассум кард. Сонӣ ба тарзи хулосаи калом гуфт: — Албатта, Довар дуньёи дигар аст, ба назари ман ягон ҷавони дигар бо ӯ баробар намеояд.
Вай қодир аст, донишманд аст, фаросат дорад, боадаб аст ва талош карда метавонад. Аз ҳама муҳиммаш қавлу амалаш якест, ба вай бовар кардан мумкин аст. Дар ҳама бобат! — таъкид кард Занҷир. — Бибии пири ман мегуфт, ки дар бари домани ин хел мард намоз хондан

пешина
аз 538
навбатӣ