Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Занҷир хомӯш, гоҳ ба рӯи яке, гоҳ ба авзоъи дигаре нигариста, маънии суханони ононро меандешид, аз хусуси ҳамхонаҳо, айёми гузашта бо онҳо фикр мекард:
«..Агар ҳақашро гӯям, бе Иринаю Салима ман чӣ мекардам, худам ҳам намедонам. Рӯзҳои сахти ҳаётам инҳо маро машғул доштанд. Вақтҳое ки аз онҳо ҷудо мемондам, дилам шубҳамазор мегашт. Андаке эътибор ва дилбастагии сохтаи Кабири дағалбоз ҳам ба ман азиз буд. Чунон ки тафовути бӯсаи дуздонаю бӯсаи ҳадья аз замин то осмон аст, ишқи маҷозии Кабир ва муҳаббати ҳақиқӣ аз якдигар хеле дуранд. Он қадар дуранд, ки аҷаб не, Кабири бечора чӣ будани муҳаббати ҳақиқиро нафаҳмида, аз дуньё даргузарад. Хайрияти кор, он ҳама умедвориҳои ман, саргаштагиҳои ман беасар нарафтанд, сабақам доданд. Ба ҷуз ҳаёт кӣ ба одам ин гуна сабақ медиҳад? Кӣ? Нафратам, қаҳру ғазабам ҷӯшиду ман муҳаббати ҳақиқӣ ёфтам. Бе нафрати азим ман ба муҳаббату дӯстдорӣ ирода намекардам. Ба фикрам, маънии ҳаёти одам аз муҳаббат ва нафрат иборат будаст. Лекин... агар одам ҳамеша ба ҷои дигарон худро монда нигарад, сабабҳои кирдору гуфтори одамонро дарьёбад, хеле чизро мефаҳмидаст.
Он гоҳ дар дилаш ба нафрат хеле кам ҷой мемондаст.
Бадалбеку Кабир ба дил на муҳаббат доранду на нафрат. Бадалбек-ку, як дарди бедаво, аммо ба Кабир ҳайфи кас меояд. Агар ба гапаш гӯш кунед, ҷавони беақл намегӯед, аз ҳама роҳу равиш огоҳ аст. Бадалбек ӯро бероҳа кард. Балки ман ҳам сабаб шудам. Агар ба Бадалбек ӯ дучор намешуд, балки... Не, вай ба ягон Бадалбеки дигар вомехӯрд. Ин хел зотҳо дар шаҳр ҳам лаб задагӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо