Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Не-е! Чаро бадбахт будаст?! — Бо эътироз шӯрида аз ҷо бархост Салима — Магар ҳамаи ононе, ки бо шумо ҳамақида нестанд, ҳатман бадбахтанд? Не-е, ин гумонатон ғалат аст. Аҷаб не, вай ҳам шуморо бадбахт шуморад ва ба даъвои худ садҳо санаду далел оварда онро собит кунад. Аслан, ба вай айбгирӣ дуруст бошад?
А? Мақсади вай дуздӣ ё ғорати дигарон не. Бача одам барин зиндагӣ кардан мехоҳад, мехоҳад, ки дорои имтиёз бошад, аз дигарон фарқ кунад. Барои ин ба ҳар шароит мувофиқат кардан зарур аст. Зоҳиран бошад ҳам, мувофиқат лозим. Шумо музеи полеантологияро тамошо накардаед, устухони кулли мавҷудоте, ки ба шароит созгорӣ накарда, несту нобуд шудаанд, дар ҳамон ҷо.
— Давидани гӯсола то каҳдон мегӯянд, дар мамлакати мо ба ин тоифа шароити мувофиқ нест, қонуни мо ба ин фирқа носозгораст, — эътироз кард Ирина. — Кабир бо таҳкӯчаю пасткӯча пеш рафтанӣ.
— Одам роҳи мувофиқи мақсадро интихоб мекунад.
— Ба ман нигар, — сухани Салимаро бурид Ирина,
— аз азал росту дурӯғ, илму ҷаҳл, неку бад бо ҳам дар ҷидоланд. Аммо ноҳаққию норостӣ ғолиб наомад.
Баъзан боло гирифт, вале ростиро маҳв карда натавонист. Медонӣ барои чӣ? Ростӣ витаминест, ки ба ҳама зарур аст! Ҳатто ҳамон нобакорону ҷоҳилони гузаро ҳам, ҷояш ояд, ба ҳунару заковат ва адлу адолат, ба инсони дурустқавлу ҳалолкор зор мегарданд, ба меваи илму маърифат мӯҳтоҷ мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо