Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
намебардорад. Марди тоҷик алломаю Афлотун гардад ҳам, рашки ганда дорад...
— Ман Доварро дӯст медорам, ба вай бовар дорам, аз ӯ рустӣ андешае надорам. Ишқи Орифро ҳам ба вай мегӯям. Доварро дар ду олам ба каси дигаре иваз карда наметавонам. Ман бо ӯ зиндаам, духтарҳо, бовар кунед.
Лаҳзае ба миён сукунат афтод. Аз кадом як хонаи хобгоҳ садои таронахонии духтаре ба гӯш расид. Аз тарафи кӯча чирроси тормози мошин баланд шуд. Аз дур тундар садо доду шишаҳои тиреза ларзида ба он ҷӯр шуданд.
— Кабир ба кори дигар мерафтаст, — гуфт Ирина хабари аз касе шунидаашро ба ёд оварда. — Мудири шӯъбаи кадрҳо гӯшакӣ карда гуфтаст: «Бача паррончак шудагӣ барин, аз мо меравад».
— Ин бача хоҳу нохоҳ боло меравад. Дониста мон:
занбоз зан мегирад, мансабдӯст — мансаб, — гуфт Салима бештар барои ба ғаши Занҷир расидан. — Ин хел гӯсола ба вазорат расад ҳам, ришаш ба дасти занаш мегӯед-ку...
— Мардуми мо зери пошнаи зан мегӯянд, — гуфт Ирина.
— Кабир ҳариси пулу мол ва мансаб аст. Дар дили вай дигар мақсад нест. Дар ин роҳ ҳозир аст ҳамаро қурбон кунад, — гуфт Занҷир дилгир рӯ турш карда.
— Хуб шуд, ки ба вай нарасидӣ, Занҷир, — гуфт Ирина китоби сари дасташро рӯи миз ниҳода — Ту бо ин ҷавони пасттинат як умр сияҳрӯз мегаштӣ. Вай туро ҳурмат намекард. Ҷавони бадбахт аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо