Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Духтарон, маро айб накунед, ман Доварро сидқан нағз мебинам, аммо ба Ориф раҳмам меояд, дилам месӯзад. Вай маро сахт дӯст медорад. Метарсам, ки худашро ягон кор мекунад. Агар Доварро дучор намекардам, ман аҷаб не, ба Ориф мерасидам.
— Афсӯс, ки комсомол аз ин фидокории ту бехабар аст, вагарна...
— Аз Кабир хеле таълим гирифта будию мо бехабар,
— пичингу кинояи ҳамхонаҳо заҳрогин буд.
— Мазоҳ мекунед... Аз афти кор, ман аз рӯи дастури расмшуда, ки шумо — ҳама ба он одат кардаед, зиндагӣ кардан наметавонам. Ҳамту не? Шумо мегӯед, ки агар шавҳарамро дӯст дорам, дигар ба рӯи ҳеҷ марде нанигарам. Лекин ҳисси дӯстию бародарӣ ҳам дорам, апаҳои азизам!..
- Занҷир, Ирина, Салима
Ҳамон шаб дигар хабарҳои рӯз гӯё фаромӯш шуданду дар сари дастархон ҳам, баъди хӯроки шом ҳам мавзӯи сӯҳбати духтарон ишқи Ориф буд. Аз оҳанги суханашон чунин бармеомад, ки фаразан, агар Занҷир Доварро дучор намекард, Иринаю Салима ба Орифи маъйуб расидани ӯро тарафдор намегаштаанд.
— Ту одамшиносӣ, Занҷир, ба назарам чунин меояд, ки дар ин бобат хато намекунӣ. Ба Кабир дилат об нахӯрд, дарвоқеъ, ҷавони беҳуда баромад. Бовар дорам, Довар ба ту ҷуфти сазовор аст. Дӯст доштан ҳам метавонад, дастгирию саробонӣ ҳам аз дасташ меояд. Ба қадраш рас, духтар, муҳаббат ҳазлу шӯхиро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо