Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Ҳеҷ напурсед! — сар меҷунбонд Занҷир.— Санҷит
гӯй ҳам, масҷид гӯй ҳам — бо ӯ гапзанон накарда
наметавонистам. Ҷавони бечора ба умеди ман аст охир...
— Манзилаш дар куҷо медонӣ? Бархез, ҷомадонатро
бигиру бирав, ба хонааш дарою бишин, — бо тамасхур
маслиҳат дод Салима.
— Занҷир ҳазлро мону бигӯ, вай кӣ, ба ту чӣ гап
доштаст? — ҷиддан савол кард Ирина.
— Бимон, девонагиаш гузарад.
— Не, девонагӣ не, — гуфт Занҷир ба чашми онҳо
маҳзун нигариста. — Ин муҳаббат аст, духтарҳо!
Муҳаббати ҷиддӣ!
Занҷир оҳе кашиду аз курсӣ бархост, баъд рафту «уфф» гӯён беқарор худро ба рӯи бистараш андохт ва
рӯяшро бо болин пӯшид.
— Ним соат гапи мардро гӯш кардию...
— Ними ақлатро гирифт?! — сухани саркардаи
Салимаро Ирина буриду аз кори Занҷир дар ҳайрат ба
сӯи вай нигариста, лаҳзае хомӯш монд.
— Шавҳари майзадаи ман мегуфт, ки марди боақл
кам аст, аммо занӣ боақл умуман нест. — Сонӣ ба лафзи
русиаш гуфт: — Мы то ошиблись, ушиблись, думали
тебе будет наука.
— Маро таъна накунед, — гуфт Занҷир ашки дар
чашмонаш ҳалқа задаро бо нӯги рӯмолаш пок карда.
Сонӣ бархоста як пиёла об хӯрд ва сипас сари миз, рӯ
ба рӯи ҳамхонаҳояш нишаст ва вақеаро ба онон гуфт.
Дар фуроварди сухан ширин лабханде карду чашмонаш
лаҳзае бо нури шӯхиҳои муқаррариаш барқ пошиданд ва
сидқан изҳор кард:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо