Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Занҷир баъди ин таҳдиду ишораҳои шӯхиомези ҳамхонаҳо хиҷолатманд гашту рабти суханашро гум кард ва саросема бо Ориф хайрухуш гуфт. Вай аз зинаҳо ҷаҳида-ҷаҳида чунон парида ба хона даромад, ки Иринаю Салима аз тарс як қад париданд.
— Девона шудӣ, духтар? — фарьёд зад Ирина даст ба сари синааш ниҳода. — Ҳамон бача ду даҳан гап заду ақлата бурд?
— Эҳ, шумо чӣ медонед, гарангҳо?! Ин кӣ буд?! Чӣ хел одам аст, сад сол фикр кунед ҳам, намеёбед! На-ме-ёбе-ед!
— Яку якбора расвоиро ба гардан гирифтӣ, ба ту чӣ шуд, хаппаки гӯрсӯхта? — Ирина оҳиста омаду аз сари шӯхӣ ба пешонии Занҷир кафи дасташро ниҳода танат сиҳат не, духтар, гуфтан хост. — Мо туро иззату обрӯят катӣ тӯй мекунем гӯён гаштаем, сари моро хам накунӣ.
— Э, напурс, апаи Ирина, агар Довар шунавад, ки ин бача катӣ гардиш карда, гапзанон доштам, чӣ мегуфта бошад? Хайр ман ба вай бовар дорам, агар таҳи гапро гӯям, мефаҳмад.
— Ба қавли худат, аз таги кадом санҷит гузаштӣ? А?
Чорта иморати чорқабатаамон ба чашм намояд гӯён, дар шаҳр дарахт намонд, буриданду ту аз куҷо дарахти санҷит ёфтӣ? — ғут-ғут дошт Салима, ки ба коре банд буд.

пешина
аз 538
навбатӣ