Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳайрон шуд. «Духтарро надида, ҳамгап нашуда, ин чӣ хел дӯстдорӣ?!» гуфта хандид. Бечора модар, агар вазъи ӯро он лаҳза медидед, гирьяатон меомад. Аз дили вай чиҳо мегузашт, ман донистаму бас. Гуфтам: «Рӯяшро надидаам, аммо дилашро дидам, оча».
— Шумо гулдаста меовардед?
Занҷир хуб медонист, ки ин саволаш сирф беҳоҷат аст, аммо мақсадаш аз ин пурсиш гуфтори ҷавонро аз боби муҳаббаташ қатъ кардан буд. Дили ҷавон ҳам гувоҳӣ дод магар, ҳоло ӯ сухан мегуфту рӯҳбаландии аввалаашро кам-кам аз даст медод.
— Ба чӣ роҳ ба фабрика медаромадед, ки ҳеҷ кас намедид? — пурсид Занҷир, то ки ҷавон боз сухан кунаду ба вай фурсат диҳад, чӣ гуна ҷавоби беозор доданашро биандешад. Вай Орифро ҳеҷ озурдан намехост, аммо чӣ кунад, ки дили ӯро кайҳо тасхир кардаанд.
— Саҳари барвақт, ҳеҷ кас ба корхона наомада, дар таҳи дарвоза ҳозир мешудам. Посбонҳо одамони нағз будаанд гулдастаамро сари дастгоҳи шумо бурда мениҳоданд. Фақат як бор таъхир шуд, очаамро хоҳиш кардам...
Иринаю Салима ба хобгоҳ ворид шуданд, вале ним соат бештар вақт гузашт, ки Занҷир ҳамроҳи Ориф оҳиста-оҳиста гирди бино қадамзанӣ дошт.
Ҳамхонаҳояш дар тааҷҷуб аз ин кори ӯ дам ба дам аз тирезаи қабати дуюм сар бароварда ба вай менигаристанд, саропои Орифро зеҳн монда мушоҳадаву муоина доштанд. Салима пинҳон аз чашми Ориф нигоҳи Занҷирро гирифту ба вай бо ангушташ таҳдид кард, мушти дасти росташро ба қафи дасти чапаш кӯфта гуфт, ки ҳолӣ ба хона даро, духтари шайтон, туро чунон таъзир кунам!

пешина
аз 538
навбатӣ