Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Орзу айб не, Занҷир — гуфт Ориф баъди хеле сукут гунаҳгорона табассум карда, — қаҳратон наояд, ман лоиқи шумо нестам, медонам. Аммо, чӣ кунам, амри дил катӣ омадам, ки як раҳ аз наздатон гузарам. Аслан, ҳамаи ин ҷаҳду ҷадалам барои шумо буд. Дилсӯзии шуморо ба ман гуфта буданд ва шуморо надида, аз чи одам буданатон бехабар, меҳратон дар синаам реша гирифт. Агарчӣ хуб медонистам, ки ба шумо мувофиқ нестам, рӯи шуморо боре надида, овозатонро нашунида, дар бистари беморӣ ба шумо дил бастам. Кӣ медонад, балки ҳамин меҳр, ҳамин умед ба ман сиҳатӣ бахшид.
Инак, як сол боз шумо ҳамроҳи ман будед, ҳамдами ман, ҳамдасту ҳампои ман будед. Ба қарибӣ ин сирро ба очаам гуфтам, зеро як вақте вай номи шуморо дар қатори дигар духтарони дилхоҳаш ба забон гирифта буд. Аммо ман «фурсати хонадоршавӣ не, ҳанӯз барвақт» гуфтаму вай умедашро бурида буд. Ана, ин фалокат аз таҳи по бархосту муҳаббати шуморо ба дилу ҷонам ҷой кард. Бовар кунед, ман аз он, ки бо як пой мондам, пушмаймон нестам. Агар ин ҳодиса рӯй намедод, бе инчунин муҳаббат аз дуньё мегузаштам.
Албатта, дигареро дӯст медоштам, лекин гумон аст, ки ин хел дӯст доштан тавонам. Одам бедасту пой, бечашму гӯш ҳам зиндагӣ мекунад, аммо бемеҳр... ҳаёт маънӣ надоштаст. Балки шумо бовар намекунед? Агар қабл аз дучори фалокат гаштанам ба ман ин суханонро гӯянд, ҳарзагӯии беҳуда мепиндоштам. Ба қарибӣ ба модарам гуфтам, ки ман Занҷирро дӯстдорам, вай

пешина
аз 538
навбатӣ