Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

асар накард. Маро ғамхории шумоён ҳаёт бахшид. Ба худ мегуфтам: агар сиҳат ёфта, ба хизмати ҳамин одамон кор оям, бас, аз дуньё беҳасрату армон меравам.
Шабҳо рӯи ҳавлиамон роҳ мегаштам. Аз чашмонам ашк мерехт, аз дарди шадид сарам торик мешуд, ҷои буридагӣ месӯхт, сӯзиш мекард, аммо роҳ мегаштам.
Аввал ба асо такья карда роҳ гаштам, сонӣ беасо баъдтар ба кӯча баромадам. «Достони марди ҳақиқӣ»-ро гаштаю баргашта хонда, ёд кардам. Баъдтар шабҳангом дар рӯи ҳавлиамон кам-кам давиданро машқ кардам. Аз сари нав велосипедсавориро омӯхтам. Ана, имрӯз ба ниятам қисман расидам, чунон ки мебинед, баробари дигарон мегардам, кор мекунам, Аввал ба сохтмон рафта хиштчинӣ кардам. Ҳунар аз ёд намерафтаст.
Солҳои мактабӣ омӯхта будам. Як рӯз кранчӣ бетоб шуд, ҳама бекор мондем. Ба манора баромадаму кранро ба кор андохтам. Ба ҳамаашон хишту соруҷ расонда додам. Саркор давида омад. Ба корам ннгариста истоду таҳсин кард, аммо ба кори кран раҳ надод, тарсид.
Ҳамаи сардорону саркорон ҳамин хел — мабодо ягон гап хезад гӯён, метарсанд. Бори аввал алами маъйубию маслухӣ аз мағз-мағзи ҷонам гузар кард. Фурсати холиамро сарфи мошинронӣ кардаму оқибат тан гирифтанд, боз ба ман мошин доданд, — Ориф оҳи чуқур кашиду хомӯш шуд.
Занҷир шавқи худро пинҳон надошта, ба пои вай, ба гашташ менигаристу менигарист. Ҳисси эҳтиром ба ин ҷавон дар чашмонаш, дар табассуми дилнавозаш таровиш мекард. Вай ин ҳисси худро ҳаргиз пинҳон доштан намехост, балки гаштаю баргашта ба рӯи ҳамсӯҳбаташ менигаристу маҳин-маҳин механдид.

пешина
аз 538
навбатӣ