Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҷавон ба пои худ гаштаст-ку! Ё ғалат фаҳмидаам?...
Балки, кӣ медонад, ин ҷавон худро писари Барфӣ-хола
гӯён маро мазоҳ кардан мехостагист. Барфӣ-хола баъди
аскарӣ писарашро хонадор карданӣ будаст,
хоҳарзодаашро даҳанбаста карда будаст, аммо ҷавон
ӯро рад кардаст, мегуфтанд. — Занҷир роҳ мерафт, ба
суханони ҷавон гӯш медоду дар дил гуфтугузори дигаре
дошт. — Писари Барфӣ-хола бошад агар, чаро пояш
сиҳат аст? Чаро? Дилсӯзии маро дида, ҳамон рӯз баъзеҳо
худ аз худ алам кашиданд, пичингу киноя карданд. Аҷаб
не, ҳамон касон барои тамохираи ман ин бачаро
фиристодагистанд. Хайр, агар рӯирост бипурсам, ба дил
сахт намегирифтагист...
— Истед, ман як гапро пурсам.. Илтимос, қаҳратон
наояд, ба дил сахт нагиред, — Занҷир лабханде заду
сухани Орифро бурид. — Шумо худро писари Барфӣхола гуфтед-а?.. Аммо пои писари ӯро бурида будандку! Шумо пои киро қарз гирифта пеши ман омадед?.. А?
— Бале буриданд, — гуфт Ориф ва оҳиста ба пои
чапаш нигарист.
— Буриданду... вақти аз беморхона баромадан боз
дигарбора часпонданд? — хандид Занҷир.
Ориф нахандид. Ба чашмони Занҷир маъюс ва
ҳасратомез нигаристу сонӣ саргузашти аламноки худро
ба гуфтан оғоз кард.
— Албатта, одам то аз як чиз маҳрум нашавад, қадри
онро ба дурустӣ намефаҳмидаст. То аз пой маҳрум
набудам, ҳис намекардам, ягон бор ба ёд намеовардам,
ки ман пой дорам. Азбаски андӯҳи гаронтаре — хавфи
марг ба ман таҳдид дошт, алами бепоиам чандон сахт

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо