Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Не, гӯш кунед: ман хуни шумоён катӣ зинда мондам. Дар рагҳои ман хуни ҳамаи шумоён ҷорӣ аст.
Шунидам, ки шумо барои мани бегона ва ношинос ин қадар...
Акнун Занҷир чунон аз шӯхии худ хиҷил шуд, ки якбора лабонашро бо ғазаб газиду дар даҳонаш таъми хунро ҳис кард.
Иринаю Салима ба Занҷир андармон шудани ҷавонро дида, оҳиста ба роҳ афтоданд. Ба ин ҷавон беэътиноӣ накардани ҳамхонаашон ҳоло онҳоро ба тааҷҷуб афканда буд, бинобар он, ба навбат гаштаю баргашта ба қафо менигаристанд. Занҷир сараввал Орифро ҳам аз қабили ҷавонони ҳарзамарази доимӣ ангорида, ба мазоҳ сар карда буд, аммо ҳоло суханони ӯро бо диққат гӯш медод. Ҳамхонаҳояш пешопеш, Занҷир баробари Ориф аз қафои онҳо раҳсипор буданд.
Ориф саросема, гӯё рози дилашро гуфта адо накарда, ин духтари шӯху саркаш гурехта мерафта бошад, тез-тез сухан мегуфт.
Занҷир аз сӯҳбати ин ҷавони ҳалим ва эътимодбахш ҳаргиз гурехтан намехост. Ҳоло вай ҳайрон буд. Гуфта буданд, ки писари Барфӣ-хола — Ориф бо мошинаш барои сохтмони иморате хишт мекашондаст, дар роҳ бачаяке тохта ба роҳ баромадасту то ки мошин ӯро назанад, вай фармонро ба рост метобад ва дар натиҷа ба сой парида меравад. Мошини давлат, хайрияти кор, ҳеҷ зиён наёфтааст, аммо пои Ориф шикаста, реза-реза шудаст. Ба беморхона бурдаанду ҷарроҳон пои маҷрӯҳро буридаанд. Баъди амали ҷарроҳӣ хунравӣ қатъ нагаштааст. Сонӣ дар корхона эълон додаанд... Аммо ин

пешина
аз 538
навбатӣ