Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Занҷир исрори ӯро ба нармӣ рад кард ва дасташро аз дасти вай раҳо сохту ба назди Иринаю Салима, ки дар хамгашти роҳ ӯро нигарон буданд, тохт.
Вай ба назди ҳамроҳонаш нарасида, чашмаш ба ҷавоне афтод, ки дар сари роҳ истода, нигоҳаш саропои ӯро таъқиб дошт. Ҷавон ба ҳадде ҳуш ба вай бохта буд, ки на фақат чашмаш, балки тамоми вуҷудаш ҷониби ӯ майл карда, баробараш ғайриихтиёр ҳаракат дошт.
Занҷир қадамашро сусттар карду ба баҳонаи атрофро нигаристан ба он ҷавон саҳеҳтар чашм андохт:
миёнақад, гандумгун, чашму абрӯвонаш сиёҳ, ӯро зебою хушбаст гуфтан нашавад ҳам, ситорааш гарму дилҷӯ метофт, аз чеҳрааш, аз ҷабини кушодааш некӯхисолӣ ва самимияту сидқ таровиш мекард.
— Занҷир.. — ҷавон пеш омада овоз доду духтар бо тааҷҷуб аз роҳ бозистод. — Ман шуморо диданӣ омадам.
— Ана, маро дидед! — Мисли ҳамеша бедард хандид Занҷир. — Муродатон ҳосил шуд охир? — аз сари мазоҳу тамохира пурсид вай, аммо дар чашмони ҷавон ифодаи ҷиддияти ғайриоддиеро пай бурду сонияе дасту по гум кард, ҳатто аз гуфтаи худ андаке хиҷил шуд.
— Шумо маро мазоҳ накунед, — гуфт ҷавон оҳиста ба як навъ оҳанги илтиҷоомез. — Аввал дарди маро шунавед, сонӣ мазоҳ кунед ҳам, розиам. Номи ман — Ориф..
— Ин қадар номи нағз доштаед! — ғайриихтиёр боз ба мазоҳ хандид Занҷир. — Барои номатонро гуфтан сари роҳи маро мепоидед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо