Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Узр, рафиқ майор, дигар такрор намешавад, — гуфт Довар ҳанӯз ҳам тапиши дилаш номунтазам, зӯран табассум намуда.
— Ма, ин оинаро нигар, рангат дока барин кандааст.
— Ҷовид оинаи паснамои мошинро ба ҷониби вай гардонд. — Ин аҳмақҳо кати шӯхӣ накун.
Хавфноктарини аҳмақон аҳмақи пулдор аст, ҷӯра. Ақли вай, фикри вай мувозанатро гум мекунад, барзагов барин рост шох задан мехоҳад.

  1. Ориф

Соати корбаро. Саҳни фабрика, таҳи дарвоза ва роҳу пайраҳаҳое, ки аз ин ҷо оғоз гирифта, ба чор сӯи шаҳр монанди торҳои тортанаки азиме паҳн мегаштанд, аз валвалаю машғала, хандаю ҳаёҳуи духтарони рангинлибос монандии тӯйхонаи бошукӯҳе буд.
Духтарон якдигарро ба сӯи манзили худ кашола мекарданд, бо овози баланд ба ҳамдигар хушбошӣ гуфта, таъинот медоданд, суханони ҳазлу мутоиба, хитобу итоб ба ҳам омехта ба гӯш мерасид.
Як духтараки латифандоме, ки ду моҳ қабл аз ин ба шогирдӣ омада буд, дасти Занҷирро аз дасташ раҳо намекард.
— Эй, апаи Занҷир, як шаб ҳазор шаб намеша, бед ба хонаи мо бирем, — таваллову тазарро дошт духтар.
— Не Шаҳодати ширин, дигар вақт, ҳозир ҳамроҳонам нигаронанд.
— Илтимос мекунам... Ман ба очаам гуфта будам.

пешина
аз 538
навбатӣ