Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ман ҳазл кардам, амаки пулдор, — гуфт вай ба Бадалбек рӯ оварда. Табассуми кароҳатомези вай аз суханонаш бештар афкори ӯро ифода мекарданд. — Дар ивази мильён сӯм ҳам ба ин орзуи муҳоли худ намерасед. Пул барои шумою ин косалесон эътибор аст, на барои мо.
Довар шахдам-шахдам қадам зада, ба кӯча баромад.
Ӯ акнун эътимод ҳосил кард, ки Бадалбек одами хафнок аст. «Занҷир гуфт-а, чи миқдор шоҳивору тилловор тӯҳфа фиристод... Як қуттӣ пур шудаст. Иринаю Салима ҳар замон тӯҳфаҳои ӯро истифода мекардаанд, ба боғ ё концерту кино ба зару зевар ғӯтида рафтанашонро боре дида будам.. Акнун ҳушьёр бояд гардам...»
Аз истгоҳи автобус дуртар ӯро мошини Ҷовид интизор буд. Довар аз канори раҳ ба сӯи мошин мерафт, ногоҳ ба қафояш нигаристу ғайриихтиёр худро аз роҳ берун ғурронд. «Волга»-и ҳаворанг бо суръати баланд аз канори раҳ тоб хӯрду гузашта рафт. Довар пай бурд, ки агар ним дақиқа таъхир мекард, зери чархҳои ин мошин мемонд. Вай дар ҳолате, ки дилаш сахт - сахт метапид, ба мошини Ҷовид нишаст.
Ҷовид андаруни кабина ба воситаи рация рақаму самти ҳаракат ва нишонаҳои дигари он мошинро хабар медод. Мошин ба роҳ даромад.
— Дигар ба роҳи мошингард намебароям, дар истгоҳ ҳам қафотар меистам гӯён назди ман қасам хӯр, — Ҷовид гуфтугузорашро бо рация ба поён расонду ба Довар рӯ овард. — Наханд, қасам хӯр, қасам хӯр!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо