Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

қадар роҳ овардед?! Ман шумоёнро одамони ба гап задан меарзидагӣ гӯям...
— Бирав, понздаҳ додам! Дигар даҳон накушо.
— Хобата ба ин оби равон гӯй, амаки бурутак!
Фурсати ман кам монд. — Вай бархосту курсиашро қафотар ниҳод ва хулосаи гуфтугузорро нигарон гашт.
Ба миён сукунати гароне афтоду ҳама қариб як-ду дақиқа хомӯш монданд. Бадалбек шароби таҳи шишаро ба истакон рехту ба ҳамнишинонаш эътиное накарда ошомид.
— Чанд мехоҳӣ, ҳой кафангадо, гап зан, ку фаҳмам.
— Садта!.. Як сӯм ҳам кам намешавад! — Довар мағрур ба чашмони ҳар яке нигарист, заҳри нигоҳҳои онҳоро эҳсос карда, дилаш андаке ларзиду, аммо ин вазъи худро айён накард.
— Бисту панҷ... Бисту панҷ ҳазорро ту бисту панҷ сол мехӯрӣ, ҷӯра! Ба ту духтар каҳт не... Аз баҳри ҳамон духтар баро, бародар, — гуфт вай муросоҷӯёна.
— Ними ҳамон гуфтагетона ба ман ёзонед, ман ҳисоби ина баробар кунам, — гуфт оҳиста, бо овози гирифта айнакӣ.
Довар аввалбор овози ӯро шунид.
— Ман аҳмақ нестам, ин ҷиҳаташро ҳам андешидаам,
— гуфт вай бо нафрат ба чашми айнакдор нигариста.
— Хайр, бирав — панҷоҳта додам! Дигар як пул зиёд намекунам. Ба як умри ту барин кафангадо мерасад.
Довар писханд карду ба майли хотир оби истаконро ҳам дам кашид. Баъд аз ҷо бархост.
— Ҳеҷ мавриди тааҷҷуб не, мегӯянд, ки пул аз инсони баақлу доно мегурезад. Дарвоқеъ, ҷоҳилу беинсофро нағз мебинад.

пешина
аз 538
навбатӣ