Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дия мегуфтӣ. Духтари аз даҳан мондагира бару се газ замина кову гӯр кун!
— Ба шумо зарари ҳамин духтар нарасидааст-ку, — мегуфт оқибат Имомалӣ ва сипас ба нармӣ илова мекард: — Ба азоб калон кардед, монед, ду-се сол ба шумо хизмат кунад. Ана, кор мекунад, моҳона мегирад, аз коркардааш мо ҳам баҳра мегирем. Духтара калон карда, вақти аз дасташ кор омадану нафъаш расидан ба мардум бароварда додан алам намекунад?
— Агар сари вақт ягон гап набаромада, номи некаш катӣ ба дасти соҳибаш супорӣ, мукофоти аз духтар меёфтагиат ҳамин аст. Ақлата кор фармо мегӯям, набошад, ба ман чӣ? Духтар меваи пешпазак, баъди расидан ба соҳибаш бисупор. Таъхир ҳам убол аст. Худо накунад, агар ягон гап барояд, сонӣ сарата ба сад санг занӣ ҳам, суд намекунад, — исрор мекард пиразан. — Духтар алафи дари мардум аст, хоҳӣ-нахоҳӣ, бароварда медиҳӣ. — Вай ҳикмату мақоли донистагиашро шафеъ оварда, матлаби худро собит мекард.
Баъди хатми мактаб Занҷир як сол боз ба кори ферма мерафт. Вай говдӯшӣ ва нигоҳубини молро аз хурдӣ медонист, бинобар он, ба ҳеҷ талвоса ва тарсу бим зуд ба сафи говдӯшон даромада, баробари дигарон понздаҳ сар говро ӯҳда мекард. Аз миён соле нагузашта, вай хислати ҳар як модгови дӯшоиашро омӯхта буд. «Ду модгови ало ва қашқаи бешох бе макру фиреб ширашонро пок-покиза медиҳанд, аммо думсафеду сурх намехоҳанд, ки тамоми ширашонро бигирам, пистонашонро молида хору мол кунам, сонӣ якбора ширашонро мефуроранд», — мегуфт.

пешина
аз 538
навбатӣ