Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Занҷир аз ҷавонӣ ва таъсири ҳусни худ дилпур, ба омаду рафти хостгорон бепарво набошад ҳам, дилаш ҷаз-ҷаз карда об мехӯрдагӣ талабгораш ҳанӯз пайдо нашуданашро меандешиду ба атрофи худ умедвор менигарист. Ба гӯшаш мерасид, ки баъзе хостгорон аллакай ба падару модари ӯ шарту талаби худро пеш мегузоштанд. Махсусан, баъзе аз онон дар ферма кор кардани ӯро чандон хуш надоштанд. Сабабашро ошкоро изҳор насозанд ҳам, возеҳ буд, ки зери дасти Бадалбек кор кардани арӯсшавандаро, намехостанд.
Ҳамин ки хостгорон дар фуроварди сухан ин матлабро баён мекарданд, бибӣ лаб газида, ба тасдиқ оҳиста сар меҷунбонд ва баъди гусели меҳмонон аз писар тақозо дошт, ки духтарро аз кори ферма бигирад, аммо Имомалӣ аз ин талаб даст меафшонд, зеро хостгорон аз одамони дилхоҳи ӯ набуданд. «Қатори ҳамин қадар духтарон кор карда гаштааст, — мегуфт вай ба дил — Э, ин пиракиҳоро «одамони кӯҳна» гуфтанашон бе гап не, кони шубҳаанд. Ман порсол аз алафи колхоз як банд юнучқа бигирифта, сарам дар ғавғо монд. Баъзеҳо рӯирост гуфтанд: «Ту дуздӣ карда наметавонӣ, чаро ин корро мекунӣ?!» Аз ферма шукр, ба хонавода фоида мерасад — як сатил-ду сатил ем, як халта-ним халта силос меорад. Кадом рӯз Бадалбек каллаю поча ва рӯдаю ишкамбаи як гӯсфандро додааст. Сонӣ, моҳонаи говдӯшҳо аз пули мегирифтаи каландзанҳо зиёд аст, боз мавсимӣ не. Ба ғайр аз ин, рӯзи дароз дар саҳро кор кардан куҷою говдӯшӣ куҷо?! Дар ферма тамоми рӯз банд не. Ҳар кас ҳам ҷои гарм мекобад. Кампир ношукрит мегирад мегӯяд, лекин чӣ кунам, як бевазан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё