Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар синни шонздаҳ ман фарзанд ёфтам.
— Қонуна аз ҳаво намегиранд, оча, — ба пиразан талқин мекард Имомалӣ. — Фикри духтурҳо, олимони доноро гирифта, қонун кардаанд. Бесабаб манъ намекунанд. Ягон гапаш будагист-да. Ба даҳонатон нигариста гап занед, дар замони мо кӣ ҳақ, дорад, ки ба қонуни ҳукумат забон расонад?!
Баъзе аз хостгорони ҷазбманд гаштаю баргашта омада, исрор, мекарданд, ки гувоҳномаи духтарро диҳанд, онҳо синни ӯро калон карда меоранд, вале Имомалӣ аз ин сон корҳои хилофи қонун метарсид.
Сипас, хостгорон «хуб, сабр мекунем, аммо розӣ шавед, даҳанбаста кунем» гӯён таманно мекарданд, фиристодагони хонаводаи дигаре — «писарамон агар Занҷира нагирам, аз дуньё безан мегузарам мегӯяд, гуфта, илтиҷо доштанд, ки духтарро фотиҳа кунанд, вале дар сари ин муомила низ сухани бибӣ бо писар рост намеомад.
— Қонун, қонун мегӯӣ, худат агар тарсӣ паттааша ба дасташон бидеҳ, худашон дуруст карда меоранд. Ту барин марди латта нестанд. Ана, Азиз ҳам, Шокир ҳам духтарони 16—17 соларо тӯй карданд-ку. Ғами фарзандата нахӯрӣ, чӣ гуфта мард шудӣ?! Падар фақат хӯрондану пӯшондан қатӣ падар намешавад. Як раҳ агар бахташ гардад, ба қадами хостгор зор мешавӣ.
Солҳои дароз ҳар саҳар ҳавлию кӯчаро об зада рӯфта, ба қадами хостгорон нигарон одамон кам нестанд.
Духтардорӣ осон не. Писар буд, ҳеҷ гап не, гаштааст-

пешина
аз 538
навбатӣ