Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бибиашро муқаррар кард. Сонӣ аҳли хонадон ба бибӣ ин розро ошкор накарда ба ҷашни солгарди ӯ омодагӣ доштанд. Ба ташвиқи Занҷир Имомалӣ барои модар аз дасти савдогарони хуфияфурӯш як куртавор шоҳии сабзи японӣ харид. Занҷир сурати бибиро ба район бурда, фармуд калон карда ба чаҳорчӯбаи зарҳалӣ кашида доданд. Вай боз барои бибӣ кафши чармини сарупоӣ харид. Рӯзи ҷашнро таъин карданд ва он рӯз ҳама аз кор барвақт омада, бибиро аз ташвиши рӯзғор фориғ, дар пешгаҳ нишонданду муборакбодию таҳниятгӯӣ оғоз карданд. Бибӣ аз ҳайрат саргаранг буд.
Умраш бино шуда, то ҳол касе солу моҳи таваллуди ӯро ёд надошт ва ҳаргиз ба хотир наоварда буданд. Вай ба панҷоҳ даромад, сонӣ шастро гузашт, ҳафтодро ҳам паси сар кард, аммо то ба имрӯз, ба қавли худаш, ягон бандаи худо инро ҳисобу китоб накарда ва насанҷида буд. Баъзан дар тӯю азо занҳо ӯро мепурсиданд, ки чандсола шудааст, вай дар ҷавоб «солам мурғ, хаёлам аз ҳафтод гузаштам», мегуфт. Дар он маҳфил бешак ягон зане пайдо мешуд, ки солаш мурғ аст ва ба иттифоқ занҳо чанд мӯлҷар аз якдигар хурду бузург буданашонро таъин мекарданд.
Ҳоло дар хонавода ба ифтихори вай дастархони хоса густурда меҳмондорӣ барин ташвишу тараддуд кашиданашон ва тӯҳфаҳои мувофиқ дарьёб карданашон ӯро мутаассир сохта, бениҳоят ба риққат оварда буд. Ба нишони миннатдорӣ бибӣ бетаваққуф дуо мекард. Чун ба дастархон санбӯсаҳои гуногун, тушбераву манту ва ҳалвою чакчак барин анвоъи хӯрданиро оварданд, бибӣ аз ҳайрат ангушт газид. Аҳли хонадон якояк тӯҳфаҳои худро ба бибӣ супориданд, орзую дархостҳои худро изҳор карданд.

пешина
аз 538
навбатӣ