Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Бибӣ оби чашм мерехту ҳар якеро алоҳида дуо мекард, аз замину осмон сиҳатию хушбахтии онҳоро таманно дошт. Дар охир Занҷир ба як навъ оҳанги тантанаомез хоҳиши аҳли хонаводаро гуфт: «Бибиҷони ширинам! Бибиҷони сангинам!
Саракатон аз санг ҳам сахттар, ҷонатон аз пӯлод маҳкамтар бошад! Орзуи мо, хоҳиши мо аз шумо ин аст:
ба сад дароед! Ба сад дароед, бибиҷон, садсолагиатонро тӯй кунем! Талаби моро рад накунед. Мо медонем, агар хоҳед, шумо ба сад ҳам медароед, ба саду панҷоҳ ҳам... »
«Э, мон-е, чӣ даркор — бибӣ даст афшонда эътироз кард. — Даркор не, безорам. Ҷонам ба лаб омадагӣ, дигар тобу тоқат надорам...» Ҳама бо тааҷҷуб аз дастархон даст кашида, бо авзои парешон, балки хиҷолатманд ба сӯи бибӣ мутаваҷҷеҳ шуданд. «Наход, ки кампир ин қадар аз зиндагӣ безор будасту мо бехабар?!» мегуфт ҳар яке ба дил. «Мо туро дар азоб мондаем, оча, бубахш, — гуфт оҳиста Имомалӣ, ки сархам ва музтариб монда буд. — Кӣ туро ин қадар ҷунбуҷӯл кун мегӯяд?! Барои чӣ худатро азоб медиҳӣ?
Кори хона адоӣ надорад, бимонаш, бачаҳо мекунанд.
Ҳар чӣ дилат мехоҳад, талаб куну хап бишин». Писар озурда ва хиҷолатманд ба рӯи фарзандони худ нигариста наметавонист. Бибӣ ба рӯи писар чашм андохту худ ба худ сар ҷунбонд ва сипас гуфт: «Аз кору ҷунбуҷӯли хона азоб накашидаам, безор ҳам нестам, писарам. Агар ҷунбуҷӯл накунам, ман беморам. Ту азоби модарро чӣ медонӣ?! Дили мард бехавф аст. Шабу рӯз тарси ман аз он аст, ки ба пои ягонтаат хоре мезанад. Ҷонам меларзад. Мусибати шумоёнро бардошта наметавонам...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё