Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар асл, ҳавою ҳавасҳои афзун ононро ба ин ҳол афкандааст.
Ҳирс инсонро кӯру кар сохтааст, мағзи ӯро фалаҷ, шахси ӯро маъюбу маслухи маънавӣ сохта, аз нерӯи рӯҳонӣ, ки бузургтарин дастоварди вай аст, маҳрум карда. Ҳар як инсон ба зиндагии бениёз ҳақдор аст, агарчи аслан эҳтиёҷ боиси пешравии башар аст. Аммо осудаҳолӣ ҳоло расм не, ҳирс айб не... Аз ҳамин сабаб ҳам Кабир ҳеҷ хурсанд набуд. Биму ҳароси нотаъине дар синаи вай хона карда, мудом ӯро нороҳат медошт, гумонҳои нотаъину номаълум шабу рӯз ӯро парешонхотир месохтанд. Баъзан ӯро ҳолате рух медод, ки аз ҳавасҳои зиёди худ дилгир ва аз фардои ношинохти худ безор мегашт. Аммо тарси вай ба хатари муқаррарие, ки фарзанди инсон аз боиси дарду марази таҳлукаангези наздикону пайвандонаш, хатари хиёнату бевафоӣ ё изтиробу талвоса аз ҳаёти фарзанд, инсони азизу волое ва ё ба хавфе, ки одамон паи ҳифзи халқу мамлакат эҳсос мекунанд, ҳеҷ нисбате ва қаробате надошт. Хавфи аз даст додани лаби ноне, хатари бемошин, бевазифаи баланд, инсони оддию қаторӣ монданаш боиси андӯҳи азими Кабир гашта буд. Он тарсеро, ки сазовори инсони ҳақиқист, ҳанӯз вай намедонист, аз ин гуна ҳарос сирф огоҳӣ надошт.
Инчунин тарси шоистаи инсонро Занҷир дар дили бибии пири худ дарьёфта, бори аввал аз таъсири он бигириста буд. Бибӣ айёми мавлуди худро охири моҳи сунбула мегуфт. Занҷир аз он онҳое, ки моҳу солгардони пешини тоҷиконро ҳанӯз дар ёд доштанд, пурсон-пурсон охирҳои моҳи сентябрь ҳафтоду панҷсола шудани

пешина
аз 538
навбатӣ