Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мекард. Занҳо муранд ҳам, ин хел гапҳоро дар дил нигоҳ дошта наметавонанд. Барфӣ-хола ҳам Занҷир арӯси ман аст гӯён, ба ҳама ҷор меандохт. Агар ин хел ният медошт, маро ба Кабир бирас гӯён ташвиқ намекард.
Аммо хола дар ин хел корҳо ба дигарон миёнарав намешавад. Аз ваҷҳи Кабир маслиҳат дода гуфта буд, ки ман миёнарав намешавам, ба ақли худат кор кун. Аз номзад шудани ман бехабар бошад ё дидаю дониста?
Хуб, агар писараш бошад, чӣ мегӯям? Не, ба гӯшам расида буд, ки писари Барфӣ-хола номзад дорад. Хӯш, кӣ бошад ин гулбоз? Кабир ҳоло аз паи духтари Бадалбек даводав дорад. Дигар аз чанги он марди хабис халос намешавад. Бегона ба корхона даромада наметавонад. Агар дигаронро ба кор андозад, кайҳо овоза мешуд. Ба пеши Барфӣ-хола рафта, кӣ буданашро пурсам? Не, «шӯй гуфта дилаш қошуқ тарошид» мегӯяд.
Даркор бошам, худаш кофта меояд, мебинам. Э, тавба, гулдастаро кӣ овард гӯён пурсуков кардани духтар ҳам кори айб аст. Бибиам мегуфт, ки ҳусну малоҳат, дилкашию дилрабоии зану духтар аз шарму ҳаёи вай аст.
«Орзую ҳавасат бисьёр аст, духтар, барвақт пир мешавӣ», мегуфт. Ку он орзую ҳаваси бисьёр?!»
- Орзуҳои Кабир
Дар ҳар замине, ки сабзаи ҳаёт нумӯе дорад, ғаму шодӣ радифи рӯзғори одамист. Мардони бузургдилро андӯҳи бузург сазовор аст, агарчи онон аз камтарин ҷилваи шодмонӣ кӯдаквор қаноатманд ва хушнуданд.
Фақат мардумони ҳарису пуртамаъ ва аз кибру бухл заҳрогин ҳамеша ғаминанд. Ин тоифа ба худ аминанд, ки аз он, чӣ мо — одамони оддӣ мебинему идрок мекунем, бештар медонанд ва дақиқтар менигаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё