Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Не, гардам, аз ин пеш наовардаам. Ягон бор гул наовардаам, садқа. Ин гула нигар, ранги худат, холаат садқа. Соҳиби ин гул гуфт, ки имрӯз дар мактабҳо дарс сар шудаст, саҳар дар бозор гули дуруст наёфта, дер мондаст. Узр гуфт, холаат садқа. — Табассуми холаи Барфӣ аз он далолат мекард, ки вай аз гулдаста овардани он ҷавон зиёда хушнуд аст.
— Кӣ вай?.. Худаш кӣ будаст? — Занҷир ғайриихтиёр саволашро қатор кард, аммо аз хиҷолат ба рӯи холаи Барфӣ нигариста натавониста монд.
Холаи Барфӣ ҳим-ҳимкунон боз хеле вақт дар сукут шуд, гӯё ба саволи духтар чӣ ҷавоб гуфтанашро намедониста бошад.
— Холаат садқа, гуфт, ки... а-а, хоҳишашро ба ту сараввал худаш мегуфтаст. Аз забони хостгор шунидани муҳаббат хато гуфт. Ҳеҷ парво накун, холаат садқа, худаш аз пеши роҳат лӯппӣ карда мебарояд, мебинӣ.
— Охир... Охир, шумо намедонед... — Занҷир чӣ гуфтанашро надониста ғурунгос зад. Шарму ҳаё, хиҷолат забонашро басту вай сухани даркориро наёфт, то гӯяд, ки ӯ фотиҳа шудааст, номзад дорад.
Барфӣ-хола саросема ба сӯи дастгоҳаш рафту Занҷир дар банди изтиробу андешаҳои худ саргаранг аз паси вай муддате нигариста монд. «Хуб, аз пеши роҳам мебаромада бошад, ба худаш мегӯям. Кӣ будаст, намедонам. Писараш бошад? — нахустин саволе, ки ба сараш омад, хеле муддат ӯро дар шиканҷа дошт. — Мардум чӣ мегӯянд?.. «Вақти бемории бача ин қадар ҷон кандани ин духтар бесабаб набудаст», мегӯянд. Не, каси дигар. Агар писараш мебуд, Барфӣ-хола хап намегашт, кайҳо ба дугонаҳои сирдонаш мегуфт, ба худам ишора

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё