Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

духтари бечора ҳазор навъ гумону тахмин, яке некманзару дигаре ғамангез соя андохта гузаштанд. Ӯро ҳолате рӯй дод, ки на ғамаш возеҳ буд, на шодмониаш.
Не, дар дилаш ба андӯҳи номаълум монанд ташвише бархост, ки ӯро хотирпарешон медошт. «Соҳиби гулро чӣ шуд? Ба фалокате дучор гашт? Ё номзади Довар будани ӯро шуниду умедашро бурид. Наход, ки як калима сухан накарда, боре рӯ ба рӯ наомада, умедашро бурад?! Не, агар вай ин гуна одами бетаъин мебуд, як ҳафта боз мунтазам, ба ҳеҷ кас нафаҳмонда рӯи дастгоҳам гулдаста намениҳод, — мегуфт Занҷир дасташ ба кор, вале ҳушаш ба ин савдо банд, худ ба худ. — Кӣ бошад ҳам одами гӯлу раҳомад не, ба кораш пухтаю пуртамкин аст, Довар гуфт, ки бепарво бош, ҷавон аз пеши роҳат мебаромадагист».
Занҷир он чошгоҳӣ ба ҳамин минвол миёни амвоҷи шубҳаю гумонҳои бепоён талвоса дошт, ки Барфӣ-хола пеши вай омад.
Ӯ чун ҳамеша бо Занҷир аз сари меҳр ҳолҷӯӣ кард, китфони духтарро бо навозиш молиду печаки дасташро кушода, аз он гулдастаи тару тозаеро гирифт ва ҷои гулдастаи дирӯза дар гулдон ниҳод.
— Шумо ҳар рӯз гул меовардед? — пурсид Занҷир беҳол овоз бароварда.
Вай аз кори Барфӣ-хола он қадар малул буд, ки дар як лаҳза дасту пояш беҳолу бемадор шуданд. Ҳатто ба ин зани солдида хашм гирифту ягон сухани сахт гуфтан хост, аммо худдорӣ кард.
Барфӣ-хола ба майли хотир табассум менамуду бо гулдаста машғул ба саволи Занҷир аз чӣ бошад, ки зуд ҷавоб намедод.

пешина
аз 538
навбатӣ