Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Иринаю Салима низ дар ҳалли ин гиреҳи аҷибу ғариб фикр мекарданд, аз даҳони мардум гап мегирифтанду гап мепоиданд, аммо ошиқи навбаромади Занҷир малоика барин нодиданӣ ва шайтони раҷим барин гумном буд. Чӣ қадар тахмину шубҳа, чи миқдор маслиҳату машварат карданд, вале ҳама беҳосил. Ирина гуфт, ки ин кори Бадалбек будагист, вале Занҷир гумони ӯро рад кард: «Бадалбек ҳар чӣ хоҳӣ, тӯҳфа меорад, вале гул не. Шумо намедонед, гул дар назари вай хасу хошок аст, ҳамон хошоке, ки говонаш мехӯранд», гуфт. Оқибат ин ошиқи номаълум онҳоро дилгир ва асабонӣ карду дигар «аз ҳамин хусус гап назан» гуфтанд. Бо вуҷуди ин, ҳар шаб ҳамхонаҳо аз хусуси он савол мекарданд.
Салима мегуфт, ки агар ошиқ бошад, Бадалбек барин тилловорӣ ё барқутҳои нодир биёрад, ин чи гап, ҳар рӯз як даста гул! Дарвоқеъ, аз тӯҳфаҳои Бадалбек вақтҳои охир Занҷир безор гашта буд. Занаки миёнчӣ ҳар бор ягон чиз партофта мерафт.
Занҷир ба муомила ва муносибати ҳамаи ҳамкорон гӯши ҳуш дода ва назар гумошта буд, то камтарин тағйири авзоъи ҳар якеро пай барад, аммо дар хулқу атвори атрофиён ҳеҷ дигаргуниеро пай намебурд. Аз ҳар касе гумонбар мегашт, вале зуд он тахминаш хато мебаромад. Дастагулҳои тоза ба тоза ҳар субҳ оташ барин пеши назараш даргирифта, аз дили шайдои ҷавоне розу ниёз мекарданд.
Занҷир аз кори ин ошиқи номаълум ҳам завқ мекарду ҳам хиҷил буд. Баъд, як субҳ ба сари дастгоҳаш расиду дар гулдон ба ҷои гулдастаи тару тоза дастаи садбарги дирӯзаро дида, лаҳзае ҳайрон монд, ҳатто аз чӣ бошад, ки ҳушаш парешон ва табъаш хира гашт. Боз аз дили

пешина
аз 538
навбатӣ