Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Писари Барфӣ холаро наҷот доданд ва бо ҳамин ин гапу калоча ҳам аз миён бардошта гашт.
Муддате аз миён гузашту Занҷир ҳаводори номаълуме пайдо кард. Касе ҳар пагоҳӣ ба сари дастгоҳи вай гулдастаи тару тоза мениҳод. Рӯзҳои аввал Занҷир ба гулдаста мисли он, ки ба гаппарониҳои ҷавонон рағбате зоҳир намекард, бепарво буд. Сонитар фикраш ба он банд шуд.
Сараввал ба гулдастаи тару тозаи рӯи дастгоҳ ҳеҷ кас зиёда эътибор надод. Баъзе ҳамкорон даргузар ҳам гули ӯро, ҳам худашро таҳсин мекарданд, баъзан аз роҳ истода «Ваҳ, чӣ хел гулҳои нағз!» гӯён, гулро бӯй мекашиданду мерафтанд. Дили Занҷир ҳар боре агар аз ваҷҳи гул сухан сар занад, беқарор метапид, вуҷудаш ба изтироб меомад. Довар гуфт, ки чаро дуздона гул биёрад, ошкоро ботантана меорад. Сипас, Занҷир онро кори Кабир ҳисобид. Аммо вай рӯзҳои охир Занҷирро дида, худро нодида ангорида мегурехт. Дигар кӣ бошад?
Дар сари ин муаммо Занҷир шабу рӯз фикр мекард, ба чашми ҳар як ҷавоне ки ба сӯи вай назаре дошт, маъниҷӯёна, амиқ менигарист, вале ҷавони гулбиёр худро ошкор намесохт.
Ҳар пагоҳӣ ба цех медаромаду рӯи дастгоҳаш дар гулдони сафолин як даста гули тару тоза — гоҳ садбарг, гоҳ савсану шаддаи сурху сафеди гули аспак, гоҳи дигар дастаи гулҳои гуногунро медид. Якояк қариб аз ҳамаи ҷавонони фабрика гумонбар шуд, сонӣ кори занону духтарони одати миёнаравӣ доштагӣ донист, баъдтар як-ду тан раҳбарони миёнсол ҳам муддате ба доираи шубҳаи ӯ афтоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё