Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ҳамон рӯз миёни занҳо гӯшакию шибир-шибир сар зад:
— Чӣ бало, Барфӣ-хола инро арӯс кардани буд магар?
Баъзе даҳансахтон ба дуруштӣ изҳори ҳайрат мекарданд:
— Ин духтар барои чӣ саги сӯзан хӯрдагӣ барин бетоқат аст?
— Кӣ медонад, талвосаи духтар ҳамаро ҳайрон кард, ягон сир будаст-да.
— Э, ин Барфӣ бало!
— Вай, хонааш пури гандум, ин Барфира! Ана, ун иқтисодчӣ бачаро умедвор карда, рустӣ ин духтара ба писари худаш дуруст кардаст-дия!
— Пагоҳӣ хабари касалии бачаи Барфиро шунида гирья кардаст. Сонӣ ба фабком омада, чаро маҷбур намекунед, бигзор ҳама хун диҳанд, гӯён онҳоро гаранг кардаст.
Хайрият, яке аз занҳое, ки аз вазъи ҳақиқии воқеа огоҳӣ доштаст, хулосабофиҳои занҳоро пешгирӣ кардаст:
— Ба ман нигаред, Барфӣ чандин сол боз ният карда гаштаст, ки ба писараш хоҳарзодаашро арӯс кунад.
Номзади вай бача тайёр буд. Беҳуда номи ин духтарро бад накунед. Бечора духтарак гӯлу соддадил аст, маънии бисьёр гапу корҳоро чуқур фикр намекунад. Ба ғайр аз ин вай ба начайлики рангуборчиҳо Довар номзад аст, мегӯянд. Кадоме гуфт, ки ба қарибӣ тӯй мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё