Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
тан коргари бинокор хун доданд. Ғамшарикии ин одамон Занҷирро чунон мутаассир сохт, ки ҳозир буд дастҳои дурушту шахшӯли ҳар яке аз ин мардонро аз сари ҳурмату муҳаббат бибӯсад.
Занҷир зуд хун доду ба коргоҳаш рафта, духтаронро маломат кард:
— Шарм намедоред, эй духтарҳо?! Шиносу ношиносҳо аз ҷойҳои дигар омада, ҳама ғун шуда хун медиҳанду шумо бепарвоед. Одаму одамгарӣ ҳамин аст?
Фардо чӣ хел ба рӯи Барфӣ-хола менигаред? Ман дар назди мардон хиҷил шудам...
Занҷир ба баъзе занону духтарон суханони як дараҷа сахту таъсирнок ҳам мегуфт. Баъзе духтаракони тарсончакро тела-тела карда, худаш ба духтурхона бурд.
Он рӯз ҳар касе ба вай дучор ояд — хоҳӣ мард аст, хоҳӣ зан, хоҳӣ пир аст, хоҳӣ ҷавон, Занҷир мепурсид, ки хун дод ё не. Агар ба хундиҳӣ нарафта бошад, фиғони вай мебаромад афсӯсу надомат мегуфт, он касро аз кораш хиҷил месохт.
— Сад-саду панҷоҳ грамм хуни шумо катӣ хонаи умеди як инсон вайрон намешавад, як модари муштипарро аз аламҳои доғи фарзанд халос мекунед, як ҷавони бечора ҳаёт мебинад. Дар акси ҳол, ба оби чашми ҳамин Барфӣ-хола чӣ хел менигаред? А?
Нигариста метавонед?... Равед, равед, ҳамин бечора ноумед намонад. Ба мо вобаста, ба мо вобаста будаст.
Гоҳе хун додан ба сиҳатии одам фоида дорад. Дар деҳаи мо ҳар саратон одамон шох катӣ хун мегиронанд. Як гурӯҳ мӯлтонӣ хунгирӣ мегарданд. Ба пахтазор, ба ферма мерафтанд. Бед, барам, хун диҳед, — чунон илтиҷо мекард, гӯё ҳозир буд дар пеши пои ҳар яке биафтад вай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё