Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Духтарон мегуфтанд, ки Довар тамоман ба кор омаду шаш моҳ боз цехи рангубор маломат намешунавад, кораш якбора пешрав шуд. Коргарон ғамхории ӯро ҳикоя карда мегуфтанд, ки яке аз рангуборчиён фарзанд ёфтаст, Довар аз иттифоқи касаба пул рӯёндаст, ҳамкорон се-чорсӯмӣ ғундоштаанду ба вай аробачаву як рахт сару либоси кӯдакона тӯҳфа кардаанд.
Ҳоло Занҷир ба сӯи нишебӣ сабук-сабук қадам партофта мерафту хаёлаш ба Довар банд буд, имрӯз вай аз ӯ дур монду духтарон ба гап гирифтанд, бинобар он, қитъаи худро нисбат ба ҳаррӯза дертар даравид.
Ҳамсояи девкор касро ба ғайрат меовардаст. Ба ғайр аз ин, Довар доси ӯро қайроқ зада медод... Ба афташ нигаред, лоғару нимҷон барин, гарданаш чунон борик аст, ки бачаи чордаҳ-понздаҳсола мегӯед. Хӯроки дуруст намехӯраду давидагиаш, давидагӣ...
Дар осмон абрҳои сиёҳ ғун мешуданд. Аз дур садои тундар меомад.
Дар бошишгоҳ Довар чобаҳоро дутогӣ бо арғамчин баста, ба аспҳо бор мекард.
— Имрӯз трактор об наовардаст,— гуфт вай ба сӯи Занҷир табассум карда. — Ҳамин ки ҳавои борон шуд, намеояд.
— Барои чӣ? Аз борон метарсад? — пурсид Занҷир.
Баъд ба шӯхӣ илова кард: — Кулӯх аст, ки об мешавад?!
— Ин талҳо — ҳама хок, агар борон борад, лой мешавад, лағҷон мегардад. Он гоҳ фақат трактори тасмачарх гузашта метавонад. Агар бекор бошед, бед ҳамроҳ рафта, аз чашма об биёрем, — хоҳиш кард Довар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё