Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Занҷир аз ин пешниҳод ҳайрон, ба рӯи ҷавон нигарист, то мазмун бигирад, аммо Довар аз хиҷолат сурх гашту нигоҳашро гурезонд.
— Танҳо худам? — пурсид оқибат Занҷир баъди хеле андешидан овозаи нохуши ин ҳамроҳиро пеши назар оварда.
— Барои чӣ? Ҳамроҳи ман. — Довар аз хавфу ҳароси духтар бехабар буд.
— Ҳамроҳи шумо як худи ман?
Ҳар ду лаҳзае ба чашми якдигарӣ нигариста мазмун гирифтанд.
— Хуб, ана, Оляро ҳам мегирем — гуфт Довар матлабро пай бурда. Аз ин тарсу ҳароси бемавриди духтар ӯ маъюс шуд.
Занҷир дар умраш ҳаргиз ба асп савор нагашта буд.
Довар ба чаҳор асп дутогӣ чобаро бор кард ва гулафсори якеро ба дасти Занҷир доду дигареро ба Оля.
Занҷир аспро ба назди ғарами ҳезум бурда, ба «болои як кундаи калон баромад ва аз рӯи он ба сахтӣ худро ба болои асп гирифт. Довар хост ёрӣ диҳад, аммо ӯ рад кард. Оля шармида нанишасту бо кӯмаки ҷавон зуд ба аспаш савор шуд.
Довар аз паҳлӯи Занҷир асп меронду ҳоло ба хотири Оля ба лафзи русӣ сухан мегуфт. Баъзан гуфтораш бағоят олимона буд магар, Занҷир ба маънии хеле аз суханони ӯ сарфаҳм намерафт. Дар ин чунин ҳолатҳо вай ботинан малул ва пакар мегашт. Сонитар Довар ин вазъи ӯро пай бурду як ҳикояташро ба тоҷикӣ боз гуфт ва Занҷир фаҳмид, ки аз боиси забони русиро мукаммал надонистанаш ба гуфтаҳои ӯ сарфаҳм нарафтаст. Оля аз ӯ доир ба кимьёгарзанони маъруф савол кардаст ва Довар аз ин хусус сухан гуфта, роҷеъ ба кимьёгарзани хеле донишманди немис Ида Ноддак, ки охирин элементи устувори ҷадвали Менделеев — рений кашфи ӯст, ҳикоя кардаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё