Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

онҳое ки умрашон фақат дар шаҳр гузаштаст, биолог зоолог, филолог, этнограф, нависанда шаванд ҳам, дар ин шуғлҳо ба сахтӣ муваффақият меёбанд.
— Хуб, биологу зоолог гуфтанатон дуруст, дугонаҳои ман, ному хосияти ягонтаи ана, ҳамин алафи дарав мекардагиашонро намедонанд, «алаф-дия»
мегӯянд. Аммо барои чӣ нависанда намебарояд?
— Гулу гиёҳ, хосияти онҳо, паррандаю чаранда, забон, урфу одати халқатонро надида, надониста чӣ менависед? Ҳамаи ин чизҳоро албатта омӯхтан мумкин аст, аммо чунон ки Низомӣ гуфтааст: «Худраста дигар бошаду барбаста дигар...» Агар аз кӯдакӣ ба табиати диёратон ҳамдаму ҳамоҳанг бошед, накҳати ҳар як гиёҳро фарқ мекунед, нағмаи ҳар як мурғро мешиносед.
Ҳоло нависандагон ҳам монанди олимон бештар доираи мавзӯи худро медонанду меомӯзанд ва аз он хусус китоб менависанд. Яке доим аз ҳаёти деҳа, дигаре аз корхонаи шаҳр, сеюми аз бинокорӣ. Балки ҳамин усул ҳам дуруст будагист, аммо...
Занҷир ҳеҷ гумон надошт, ки ин ҷавонмарди камсухан, ҳамеша батамкин бо ӯ худашро баробар гирифта, сӯҳбат мекунад. Вай ботинан аз ин гуфтугӯяш дар пеши духтарон меболид. Бинобар он, ҳар замон саволе дода, намегузошт, ки оташи сӯҳбат фурӯ нишинад.
Дар чунин лаҳзаҳо Довар ба чашмони шаҳлою равшани духтар менигаристу ба дил мегуфт: «Чӣ нигоҳи софу беғаш, маъсум ва бемакр! Фақат шӯхию бебокӣ аз онҳо шарора мепошанд. Лабонаш ҳаргиз хамию каҷӣ надоранд, тоб намехӯранд, табассумаш дилкушой, соддаву самимӣ ва рӯҳафзой...»

пешина
аз 538
навбатӣ