Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
надоранд, аммо бача ҳар коре карда, роҳашро меёбаду пеш меравад...»
Довар ҳар субҳидам ба ҷавонону духтарони бригада замин чен карда медод. Ҳар яке ҷаҳд мекард замини камалафро бигирад, фақат Занҷир хомӯш дар як канор меистод. Қитъаеро, ки ҳеҷ кас талабгор нашуд, вай мегирифт, баъд худи Довар. Бинобар он, аксар ҳангом онҳо дар шафати якдигар алаф медаравиданд. Довар ҷавони миёнақади бағоят лоғар бошад ҳам, девкор буд, ба ҳар коре агар даст мезад, онро сидқан, аз таҳи дил иҷро мекард. Барои Занҷир ҳам дарави панҷ сотих алафи худрӯи ёбон кор не, бозӣ буд. Довар ин ҳолро пай бурда, ба доскашии вай зимнан зеҳн мемонд, баъзан шӯхӣ мекард:
— Ҳамсоя, маро ба шогирдӣ намегиред?
Занҷир хиҷолат мекашиду чӣ ҷавоб доданашро надониста ғурунгос мезад:
— Муаллим, ин хел нагӯед.
— Беҳазл, чунон озод, сабук дос мезанед, ки ҳаваси кас меояд. Деҳқондухтар буданатон равшан аст.
«Ин ҳам Кабир барин маро қишлоқӣ гуфтанӣ бошад?» гӯён лаҳзае Занҷир хомӯш мемонду сонӣ бо шиддат ба дарав машғул мешуд. Довар ба тааннӣ дос мекашиду ба сухан давом мекард:
— Медонед, дар шаҳри мо аслан одами сирфан сирф шаҳрӣ ҳанӯз нест бошад ҳам, хеле кам аст. Ҳамаи мо ба деҳа пайвандем. Бобою бибии ман ҳам дар деҳаанд, аксар тобистон дар деҳа истироҳат мекардам. Агар бо деҳа ин қадар наздик намебудам, дар ҳаёт хеле чизҳоро возеҳ дарк намекардам. Ба фикрам, онҳое ки ба табиат пайванд нестанд, ҳаёти мардуми деҳаро намедонанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё