Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
меомӯхтаст. Ҳоло мегуфтанд, ки ӯ чунон тарзи
рангубори бирешимро ёфтааст, ки атласи онро бемалол
крепдешин барин дар об мешустаеду рангаш намезадаст.
«Кошкӣ, ҳамин тавр мешуд, — мегуфтанд занҳо, — дар
ивази ин хидматаш ба Довар хушрӯйтарин духтари
Тоҷикистонро арӯс мекардем».
Довар ҳамчун саркори гурӯҳи алафдаравони фабрика
аз рӯзи аввал баробари дигарон ҳар субҳ ба алафдаравӣ
мерафт, панҷ сотихи нормаро медаравид, дар байни кор
ё дар охир, вақт ёфта, аз паи хӯрду хӯрок ва дигар
муҳимми даравгарон овора мегашт, барои мардум
меваю сабзавот, ҳаммоми сайёр, китобу рӯзнома ва
кинову концерт талаб карда, ба идораҳои дар кимкуҷоҳо будаи совхоз рафта меомад. Баъди он, ки чандин
мушкили даравгаронро осон кард, ӯро аз алафдаравӣ
озод карда, муовини сардор таъин карданд, аммо Довар
гуфт, ки аз алафдаравӣ даст намекашад. Инро шунида,
ҳар кас ҳар хел сухан мегуфт: гурӯҳе ӯро аҳсант
мегуфтанду таъкид мекарданд, ки агар ҳамаи сардорон
вай барин худро аз одамони оддӣ канора
намегирифтанд, корҳо дигаргуна сурат мегирифт.
Фирқае дигар шубҳаомез ба ҷониби ӯ нигариста,
донишмандона ҳукм мекарданд: «Обрӯ ёфтанӣ, ба
назари эътибори хурду калон сазовор гаштанӣ...
Авомфиреби гузаро будаст». Тоифаи сеюм ӯро на сиёҳ
мегуфтанду на сафед, балки ба худ монанд мекарданд:
«Одами хом Академияро партофта, ба корхонаи мо
намеояд. Ин бача нони илмро хӯрда калон шуд, фаҳмид,
ки академик шавад ҳам, мудири анбор ё директори мо
барин зиндагӣ карда наметавонад. Азмаш дуруст, бачаи
баақл будаст. Ҳолӣ калонҳои мо ӯро чандон хуш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё