Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Даҳ-понздаҳ километр меравед, теппа аз паси теппа, тал аз қафои тал ва ҳама — сабзпӯш. Аз деҳаю иморат нишоне набуд, ҳатто аз ин қарибиҳо роҳи мошингард намегузаштаст.
Онҳо — понздаҳ тан ҷавонону духтарони фабрика як бригада буданд. Боқӣ ҳашт бригада аз корхонаҳои дигари райони онҳо буд. Идоранишину бинокор, артисту муҳаррир, олиму духтур, журналисту муфаттиши адлия — ҳазор ранг одамро дар ин ҷо дида, Занҷир рӯзҳои аввал ҳайрон монд. Хурду бузург қариб чил хайма — як деҳаи муваққати хаймагиро ташкил мекард.
Доварро ӯ дар ҳамин ҷо ба дурустӣ шинохт. Вайро ба қарибӣ аз сафари кадом як шаҳри дур баргашт мегуфтанд. Занҷир ӯро дар фабрика аҳьён-аҳьён медид, мисли ҷавонони дигар ба ҷониби вай мафтунона назар накарда, бепарво гузаштанашро писандида ба дил гуфта буд: «Чашму дилаш бесаришта не, қадру эътиборашро медонад, иззати нафсаш баланд барин. Ҷавонмард бояд, ки назарбаланд бошад-дия». Сонитар шунид, ки Довар аз хонаводаи хеле бомаърифате будаст. Падари ӯ олими илми химия, профессори номдор, худи вай ҳам сараввал аз паи касбу кори падар рафтаст, дар илм кашфиёти муҳимме карда, унвони илмӣ гирифта будаст. Баъд илми беамал ҳеҷ даркорӣ надорад, гӯён аз Академия ба фабрика омада, ба кори рангубор машғул шудаст. Дар ин ҷо аз паи омӯхтани таҷрибаи корхонаҳои дигари мамлакат афтодаст ва қариб ду сол боз дар фабрикаҳои шоҳибофии Москва, Тошканд, Боку кор мекардаст, усули кори онҳоро, тариқи рангу бори онҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё