Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ ин қасди худро тавзеҳ карда, баъзан мегуфт:
— Духтар шаби арӯсиаш бори аввал шоҳию кимхоб мепӯшад, абрӯвонашро чинда, оростаю пероста мешавад. Хок кашад духтарони ин замонаро! Ин қадар орою торо? Фарқ намекунед, ки вай духтар аст ё арӯс.
Сонӣ арӯс мешаванд, арӯсиашон маълум не. Кадом рӯз обгирӣ баромадаму духтари раиса дидам, аз шаҳр омадаст. «Ассалом, бибиҷон» гуфт. Ба рӯяш нигарам, абрувонаш чиндагӣ, ранг кашидагӣ, дар танаш кимхоби ранги оби анор. «Вой, аз сарат гардам, ту кай арӯс шудӣ, ман бехабар?» гуфтам. Духтар хандиду «ҳолӣ мехонам, тӯй кунем, шуморо хабар мекунам», гуфт.
«Охир, тӯй накарда абруҳота чинда мондӣ-ку», гӯям, «ҳозир замона дигар шудагӣ» мегӯяд. Тавба, ҳар номаъқулӣ кунанд, замона сабабгор. Охир, ҳамин замона барои чӣ ба ман кафши пошнабаланд пӯш намегӯяд? А? Ин не, он не, баҳона. Ба падару модар пешхезӣ кунанд ҳам, зану шавҳар номуросо бошанд ҳам, дар миёни мардум бешармӣ, ҳаромхӯрӣ, беномусӣ кунанд ҳам, — ба ҳамааш замона сабабгор аст!
Одамизод бенӯхта шавад, чӣ корҳое намекунад... Урфу одат ганда будааст! Барои бенӯхтаҳо урфу одат ганда, ҳар номаъқулие хоҳанд, мекунанд. Урфу одата ман набаровардаам, халқ, расм кардагӣ. Намедонам, ин расма нест карда, сонӣ чӣ хел зиндагӣ мекарда бошед?
Бибӣ набераашро ба ҳамин тартибу қоида тарбия мекард ва падару модари Занҷир ҳам, ки аз аввал нахустфарзанди худро «духтари бибиаш» гуфта буданд,

пешина
аз 538
навбатӣ