Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ба сахтгириҳои модар монеъ набуданд, онро комилан маъқул надонанд ҳам, ба пиразан эътироз намекарданд.
Аслан, онҳо чандон имкони зиёд ҳам надоштанд, ки Занҷир монанди баъзе духтарони деҳа сару либоси гаронбаҳо пӯшад.
Падари Занҷир — Имомалӣ марди орому камгап, бечораҳол ва қаноатпешае буд. Ӯ аз зумраи деҳқононе буд, ки ба тағьири касбу кор ва тартиби зиндагӣ ба осонӣ майл намекунанд, гӯё ба мардуми дигар на ҳасад мебаранду на ҳаваси пайравӣ доранд. Агар дар деҳа ягон воқеае сар занаду аҳли хонавода аз ӯ савол кунанд, ки ин валвала рост аст ё дурӯғ, Имомалӣ пинакашро вайрон накарда мегуфт:
— Кӣ медонад, ҳамин тавр мегӯянд.
— Ту ҳам одам барин гапу кори дуньёра гап зан, мо ҳам бифаҳмем. Як тарафи деҳаро сел барад ҳам, мо — бехабар, — дилтанг мешуд пиразан.
— Кӣ медонад, — китф мебардошту норозӣ аз ин талаб даст меафшонд Имомалӣ.
Вай бисту шаш сол инҷониб дар як бригада кор мекард. Ҳамсолони вай кайҳо аз кори пахтазор рафтанд, ба ҷои онҳо писару духтарони онҳо омаданд, вале ӯ якзайл гоҳ — обмон, гоҳ — порукаш, гоҳ дар хирман, хулоса саркорони қариб сол дар миён ҷойгардон чӣ коре супориданд, ҳамонро иҷро мекард.
Марази тозаи ҳамагир — ғун овардани пулу молу ашьё ҳанӯз ба Имомалӣ сироят накарда буд. Вале ин кӯҳнасифатӣ ҳоло ба аксар мардуми деҳот ғайриоддӣ ва бегона менамуд, бинобар он, ӯро марди беҳавсала мешумурданд. Ҳатто баъзе касон агар фарзандони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё