Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

накардани модаркалон баъзан духтарро таҷанг менамуд, аз ин нописандӣ малолати худро зоҳир насозад ҳам, аз феъли бибӣ озурдагиашро бо ягон сабаби дигар мегуфт.
— Вой бар ҳоли очаҷонам. Шумо барин модаршӯй қатӣ ин қадар сол муросо доштаанд, — Занҷир надоматомез сар меҷунбонду лабханд мезад. — Барои ҳамин либосҳои арӯсиашон то ҳол дар таҳи сандуқ оҳораш нашикаста мондаст.
Занҷир ин суханонро аз сари ҳазлу шӯхӣ, бедардона мегуфту аз дилаш мегузашт, ки агар шавҳар кунаду ба дасти модаршӯи аз бибиаш бадтар шаддод биафтад, чӣ мекунад. Он гоҳ пиразан мегуфтагист: “Ҳа, ҳолат, чӣ шуд? Суханони ман намефорид, модаршӯи шаддод чӣ хел будаст? Дидӣ? То риш набарорӣ, ба кӯса наханд мегӯянд, духтарам». Аммо дар ин синн, монанди ҳамаи духтарон Занҷир ҳам аз иқболи фардои худ дилпур буд, дар назараш тамоми хоҳишу орзуҳо ба вай дастрас ҷилва мекарданд, одамон ҳама некхоҳу накӯкор, дилҷӯю хандонрӯ буданд. Хушбахтии ҷавонӣ ҳам дар ин буд ва духтар аз даврони беғамӣ ва беташвиши умри худ бархурдор, ба қавли бибии пир, як гуфта, даҳ механдид.
Дарвоқеъ, агар дар синаи кас асари бухлу кина ва рашку ҳасад набошад, ин синн биҳишти умри одамист. Занҷир аз он, ки ба либосу палоси дигаре назари ҳасадомез надошт, ҳамеша кушодаҷабин, хандон ва дилхуш буд. Ӯ бо муҳаббат ва хуррамию хушҳолии худ дар ҳама кор ғолиб буд ва ба ҳар як нияти худ мушарраф мегашт.
Бибӣ рухсат намедод, ки Занҷир ба монанди духтарони дигар ҳамвора либоси оҳарӣ ё атласу кимхоби назаррабо пӯшад, ҳамеша назорат мекард, ки дар тани наберааш пӯшоки арзону оддӣ бошад.

пешина
аз 538
навбатӣ