Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

надида, напурсидаю насанҷида, хонаю ҷояшро, муросояшро бо ҳақу ҳамсояҳояш нафаҳмида, чӣ хел арӯс мекунем», мегуфт ӯ. Ба майли шавҳару писар ночор тан додани вай аён буд: «Хайр, агар худаш хуш карда бошад, қобилу гапдаро бошад, ихтиёр дорад. Шумо ин замона бачаҳо илмнок бошед, ман чӣ мегӯям. Ба ман ҳамон Занҷир маъқул буд. Занҳои маҳалла ҳар рӯз ба гӯшам чакконда-чакконда, меҳри гӯрсӯхтаро ба дилам ҷой карда монда буданд. Хайр, чӣ илоҷ, ба амри дилат гӯш кун, писарам. Ана, дугонаам Хосияти дарзӣ ба раъи писараш нигоҳ накарда, духтари хоҳарашро арӯс карда оварду оқибат пушаймон шуд. Ду хоҳар ногапанд.
Хоҳараш аз инҳо ҳам бадавлат, қӯша мошин дорад, ҳавлиҳои кунгурадору таҳхонанок. Писараш домани кадом як занаки кӯчагира гирифту рафт...»
Кабир фикр мекард-фикр мекарду дамодам нисбат ба Фотима нафраташ меҷӯшид, ба вай чунин менамуд, ки маҳз ҳамин духтараки беномус айши ӯро талх мекунад, вагарна Бадалбек духтари дигарашро ба вай медод. Он гоҳ бахти вай бе ғилу ғаш, монанди осмони баҳор софу беғубор мебуд. Ягон тан аз ҳамон ошиқони мӯйлабдораш як корд зада, дар ягон кунҷу камар мекушт, ман озод мегаштам. Шабу нимишаб мегардад, кошкӣ ба ягон фалокат дучор мегашт, — худ ба худ хаёлтарошӣ мекард Кабир. — Наълбурут ба ман расиданашро шунида, хурсанд мешавад, ки аз ҷазои кирдораш халос шуд. Албатта, ба ҳоли ман заҳрханд мекунад! Зану фарзандони наълбурут аз ман як умр миннатдор бошанд, меарзад. Ин Фотима бо ҳар усул ӯро аз онҳо ҷудо карда мегирифт. Фотима ба маъмурияти институт арз мекунад, наълбурут ба онҳо зану фарзанд дорам гӯяд агар, ту чаро зан надорам гӯён духтарро фирефтӣ, ба духтурӣ лоиқ нестӣ гӯён, аз донишгоҳ хориҷ мекунанд, агар зандориашро руст кунад, инро ба занӣ бояд бигирад.

пешина
аз 538
навбатӣ