Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Сипас ӯ ба падару модари худ хашм гирифт, баъд ба Занҷир, ки муҳаббати ӯро тақдир накард, ба ҳамкорон, ба собиқ ҳамсабақонаш, хулоса, ба ҳама ононе, ки аз рӯзгори худ қаноатманд буданд ва ҳар як рӯзи пешомадаро ҳамчун рӯзи ид, ҳамчун рӯзе, ки ба онҳо подошу мукофоти беҳисоб меоварад, ба шодмонӣ истиқбол мекарданд, хашм гирифт ва ба аламаш тоб наоварда, ба мазоҳу тамохираи онон заҳрханд намуд.
Аммо аз ин заҳрханди оҷизона оташи аламаш пасанда нагашт ва ӯ ғайриихтиёр мӯйхои сари сина ва таҳи бағалашро меканд, ки модараш дарро нимроғ карду овоз дод:
— Кабирҷон... Хобат бурд ё бедорӣ? Ба корат дер намонӣ.
— Бедорам... Дер намемонам, — гуфт вай аз он ки модар дар таҳи дар пайдо шуду риштаи хаёли ӯро барканд, норозӣ ва асабонӣ кампалро ба болояш кашид.
Модар аз ҳодисаҳои рӯзҳои охир ҳайрон буд.
Бадалбек ду-се бор ба хона омад, аммо ба модар ҳеҷ дилнишин нагашт, бинобар ин, дар ҳақи вай ягон даҳон сухани нағз нагуфт. Сухани бад ҳам нагуфт, аммо аҳли хонавода медонистанд, ки сухани нағз нагуфтани вай худ далели он аст, ки ин одам ба модар намефорад.
Бадалбек ба падараш маъқул буд ва ӯ арӯсшавандаро надида, нафаҳмида «бо ин хел одам хешу табор шавӣ, меарзад, мева аз шохаш дур намеафтад», мегуфт. Аммо модар ангушт газида, андешаманд сар меҷунбонд, ки аз ин сарҷунбонии вай равшан набуд, ки сухани гӯяндаро маъқул мекунад ё инкор. «Як назар арӯсшавандаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё