Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷавон ночор зан мекарду... Эҳ, маро фалак зад, рост аз фарқи сарам чунон зад...»
Кабир ҷаҳд кард, то хотир ба хушию беҳрӯзиҳои домодӣ бандаду қабл аз ОҒОЗИ рӯзи кор табъашро хушнуд созад, вале ин кор ба вай муяссар нашуд. Ба хотираш расид, ки ин дам ба корхона мераваду ба Занҷир, ба дугонаҳои вай рӯ ба рӯ мешавад ва ҳама ба сӯи ӯ тамасхуромез менигаранд. Кабир нигоҳҳои ҳамкоронашро пеши назар оварду бештар аз пеш дилтанг шуд. Ӯ имрӯзҳо, махсусан, Занҷирро дидан намехост. Махсусан, аз ишқбозии Фотимаю наълбурут воқиф будани Занҷир ҳоло Кабирро сахт беҳаловат месохт. Хандаи Занҷир, нигоҳи вай корхонаро барои Кабир ба дорулҷазо табдил карда буд.
Вале ӯ худро таскин додан метавонист. Комрониву хушиҳои рӯзгори фардои худро бо Фотима ҳар бор рангу бори тоза медоду пеши назар меовард. Бо ҳамин усул вай нидои виҷдони худро хомӯш мекард ва ҳамчун далели роҳ ба худ санадҳо пеш меовард: «Агар аз ваҷҳи зан заррае пушаймон шавам, баъди он, ки роҳамро ёфтам, кафшашро пеш мегузорам, вассалом...» Баъди чор-панҷ сол Бадалбек ба чанги ман расида наметавонад. Ҳозир одамони пухта «хочешь жить — умей вертеться» мегӯянд, яъне, ҳар коре куну ҳисобатро биёб гуфтагешон-да. Ана, Наҷмиддин дар дипломаш ягонта баҳои чор надошт — ҳамааш се, боз чӣ хел се?!
Аз ду бадтар сеҳои ночорӣ. Як қурути сахту санг буд, аммо ҳозир мудири шӯъбаи як завод аст. Одам дошт.

пешина
аз 538
навбатӣ