Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
маънии кароҳатангези гуфтаҳои ҳамсӯҳбаташро дарьёфта, мисли он, ки ногаҳон устухонеро фурӯ бурда бошад, нохуш ва ноҳинҷор менишаст. «Ман аз олами чиркини савдогарону қаллобон гурехтам, ихтисос омӯхтам, маълумоти олӣ гирифтаму оқибат ба куҷо расидам?! Дар вуҷуди ман қатрае хуни зиёӣ набудаст магар?! — бо изтироб меандешид Кабир. — Бадалбек аз савдогарони мо бадтар дағалбозу даййус, беномус, бефаросат, бевиҷдон аст. Дузд бош, аммо дузди баномус бош-да, хуносо!.. Хуб, чӣ чора, чӣ бояд кард? Агар элак барин «иру равам — мезананд, уру равам — мезананд»
гӯён овора гардам, ба ҳеҷ мақсад нарасиданам таъин аст. Бояд ба рӯи об бароям. Ҳар коре карда мебояд ба рӯи об бароям. Сонӣ одам барин зиндагӣ кардан мумкин аст. Духтарони хӯшруву коньякҳои хориҷӣ сонӣ аз они ман аст. Чашми ман ҳам кушода шуд, ман ҳам саршири диёрамро чашидан мехоҳам. Бадалбек гумон дорад, ки шираи республикаро мехӯрад, аҳли савдо ба худ ғарраанд, ки таҳсуфраю пасмондаи онҳоро дигарон мехӯранд. Бечораҳо!.. Рӯзе мерасад, ман ба шумо кӣ саршири кишварро мехӯрад, менамоям... Аслан, Бадалбек вазъи ҳолро нағз идрок кардагӣ. Дар назди дигарон доим аз ҳаёт шукронагӯӣ дорад, қонуну қарордодҳои Ҳукуматро ситоиш мекунад, аз ақлу заковат ва ҳақиқату адолати мо сухан мекунад. Чунон ҷиддану сидқан...»
— Ба ман нигар, Кабирҷон, ман ба ту як сирро бигӯям. — Бадалбек остини ӯро кашиду Кабир ба худ омад. — Ҳамин ки чароғро куштию ба бистар даромадӣ, ҳамааш якранг аст! — вай чашмони махмурашро ба рӯи Кабир дӯхта ҳингир-ҳингир механдид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё