Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Бар асари сархушӣ вай аз бадгардии Фотима чунон бо малолат ҳикоят оғоз кард, ки дар чашмонаш ашки ҳасрат ҳалқа зад.
— Ҳамин ҳам гап шуд, ки ғам мехӯрӣ! — Бадалбек сараввал лаҳзае дасту по хӯрд, вале моҳирона авзои худро аз ҳамсӯҳбаташ пинҳон дошт ва сипас ҷавони ошуфтаро оғӯш гирифту бӯсид. — Парво накун! Парво накун, ман ҳастам. То ман ҳастам, ту ғам нахӯр!
Ҳамаашро соз мекунам. Ҳамааш соз мешавад.
Кабир бо тааҷҷуб, даҳонаш во ба вай менигарист.
Вай пиндошт, ки Бадалбек маънии суханони ӯро ба дурустӣ сарфаҳм нарафтааст. Аммо аз суханони минбаъдаи ӯ аён шуд, ки маънии он гуфтаҳоро вай саҳеҳ идрок кардааст.
— Дар ин синн кадом духтар ақл дорад, Кабирҷон?!
Духтар агар бинӣ надошта бошаду бӯйро нафаҳмад, гандагиашро мехӯрад, ба ман бовар кун. — Вай овозашро паст карда, даҳонашро ба Кабир наздик оварда, маҳрамона ин суханонро ба вай гуфт. — Занону духтарона озод карда, сар додем... Кадомаш ба дом намефурояд, ту ба ман гӯй? Намефуромадагиаш нест!..
Парво накун, ту ҳам қусурашро мебарорӣ, вассалом! — Вай айёрона чашмакӣ зад. — Бадалбек ба қадаҳҳо шароб пур карду қадаҳи Кабирро ба дасташ дода гуфт:
— Ку, биё ҳаминро нӯш кунем, сонӣ ман ба ту як сирро мегӯям. Ин сири мардон...
Кабир суханони Бадалбекро паҳлу гардонда андешидан мехост, шикаста мағзи онро дидану чашиданӣ буд, аммо таъсири шароб риштаи фикрашро сусту беҳол кард. Вале вай бо ин ҳама сармастӣ ҳоло

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё