Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ошнои Бадалбек корпуси мошини «Газик» даркор будаст.
Кабир таҷангу турунҷида менишаст, ба саволҳои Бадалбек аз хусуси Занҷир ва Фотима нотаъин ва муҷмал ҷавоб медод.
Гашти пешин Бадалбек кору борашро анҷом доду мошинашро ба сӯи дараи Варзоб ронд. Кӯҳсорону обшорони диловези Варзоб ҳам дар аввал табъи гирифтаи Кабирро накушоданд. Савдои Фотима се ҳафта боз хӯрду хоби ӯро ҳаром карда буд. Баъди он, ки духтарак худро дар рӯ ба рӯи вай фаришта барин поку бегуноҳ гирифт, сараввал Кабир ба шубҳа афтод, мабодо саҳв карда бошад. Ба воситаи як тан шиносаш, ки ҳамсараш дар института тиббӣ таҳсил дошт, гап гирифт, вай ҳам бадгардии Фотимаро тасдиқ кардаст.
Қарордоди Кабир ин буд, ки ҳоло ҳама кор ба Бадалбек вобаста, агар вай духтари дар деҳа мактабхонашро ба ӯ додан хоҳад, хушбахташ мекунад, вагарна кафгираш ба таҳи дег бархӯрданаш таъин буд.
Бадалбек усули ба сухан даровардани Кабирро аллакай хуб медонист, бинобар он, чуну чаро накарда хомӯш тоқат меовард. Ӯ баъди қад-қади рӯди Варзоб хеле боло рафтан Кондараро гузашту назди ошхонаи сари роҳ мошинашро қарор дод.
Онҳо як мизу ду курсиро бардошта, дар сояи беди канори рӯд барои нишастан ҷой интихоб карданд.
Фурсати зиёде аз миён нагузашта сихкабоб ҳам омаду ҳар ду ба хӯрдан муқайид шуданд.
Чун аз шароб сархуш гаштанд, гуфтугӯ ранги дигар гирифт. Азбаски Кабир дар муомала ҳанӯз пухтакор ва батадбир набуд, то даме ки шароб ба вай кора накард, димоғошуфта нишаст, баъд якбора ҷуръат гирифту аз ноумедиаш сухан оғоз намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё