Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Аз хандаи вай ҷавонро нафрат омад, ғазабаш ҷӯшид, вай дандон ба дандон газиду ба рӯи ин марди бешарм нанигариста, бо чангак табақчаи пешашро нақора навохта, ҷаҳд дошт кароҳати худро аз гуфтаҳои ӯ зоҳир насозад. Вай аз раъшаи асаб чангакро ниҳода, қадаҳи холиро ангушт мезад ва бо худ мунозара дошт:
«Духтари ин марди беномусро ба занӣ гирифта хато намекунам? А? Тавба... Кадом хусур ба домодшаванда инчунин суханҳоро мегӯяд? Агар чӣ одам будани инро падару модарам фаҳманд, чӣ мегӯям? А?.. Гуноҳи ман ин аст, ки одам шудан мехоҳам, одам! — Дили Кабир мастона фарьёд мекард, дар чанги ихтилофи гуногун нолаҳо дошт, метапид, мехурӯшид. — Орзу кардам, ки духтари ягон одами ду кас бинад, ҳавас мекардаро ба занӣ гирам, хусурам одами боақлу батадбир, аз ҳар бобат бениёз, раҳнамою валинеъмати ман бошад. Ана, аҳволи ин қишлоқии бетамизро нигаред...»
— Ҳой, Кабирҷон, ту парво накун, пушаймон намешавӣ. Ҳаргиз! Ман ҳастам. Ту ҷавони калладорӣ, ояндаатро фикр кун. Ҳа, ба кайк ситеза карда кӯрпаро насӯз... Фотима кати ҷуфти нағз мешавед. Дар ҷавони кӣ аҳмақӣ накардаст?! Кӣ?.. Ман туро нағз дидам, додар, вагарна кӣ ба духтари ман шавҳар намешавад?! Ман туро одам кардан мехоҳам. Мехоҳам, ки такьягоҳам бошӣ. Ту ҷавони калладорӣ, тарбия кунад, арзандаӣ. Ту ба ман бовар кун, туро нағз дидам. Холисанлиллоҳ нағз мебинам. Агар даҳта духтари қадрас медоштам, аз байнашон дилхоҳатро сара карда бигир, мегуфтам.
Ҳайфо, ки дигарҳош ноболиғанд. Ту маро гуфта хонадор шав, вайро мон, ман туро хушбахт мекунам. Ту домоди манӣ, тамом! Дигар гап нест! Фардо тӯйро сар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё