Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Худам аз духтарони қишлоқ ягонтаашро гапзанон кунам? Рафта мебинӣ, агар хуш кунӣ... — Бадалбек ҳоло мастона, бештар бо имову ишораи чашму абрӯ ва сарҷунбонӣ фикрашро ифода мекард.
Пешхизмат бо амри Бадалбек сихкабобҳои сардро аз пеши онҳо бардошту фурсате аз миён нагузашта гарму доғашро овард, аммо Бадалбек он кабобро рӯи миз гузоштан намонд.
— Сабр кунед, ҷонон... Ин кабобро бареду ҳу, ба он меҳмонҳои айнакдор диҳед. Одами чорчашма ҳар чизро хӯрад, ош мешавад! — Вай коҳ-коҳ заду дастони пешхизматро аз сари луфту навозиш молид. — Гӯед ба мо даҳ сих кабоби барра... Ҷигару думба катӣ.
— Тамом!.. Охираш буд, дигар нест, — хандида эътироз кард ҷавонзан.
— Меёбад. Кабоби махсус фармуданд, гӯед, — ӯ маънидорона сар ҷунбонду даҳонашро ба гӯши зан наздик бурда гӯшакӣ чи сухане гуфт, ки Кабир нашунид.
Бадалбек ба қадаҳи Кабир шароб мерехту ҳамвора «Ку, бардоштем», гӯён тақозо мекард ва худаш ҳам бепарво, беташвиш мехӯрду менӯшид. Баъди он, ки сархуш гашт, Кабир дар шаробхӯрӣ имони худдорӣ аз даст дод ва бар асари мастӣ пургӯйтар гашт.
— Рости гап, амак, мехоҳам ба чӣ кор қобил буданамро нишон диҳам. Одам бояд мақсади калон дошта бошад. Кӯҳ талаб кун, теппа мегирӣ, мегӯянд. Зан намегурезад. Як ҷӯраи ман ҳаст, (дар як идораи калон...) доим мегуфт, ки аввал мошин мегираму сонӣ — зан.
Ҳамчунон кард. Ман ҳам аввал ба чӣ кор қобил буданамро собит мекунам, — Кабир ба гумони он, ки ҳамсӯҳбаташ ба як бор мағзи сухани ӯро нафаҳмид,

пешина
аз 538
навбатӣ