Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ин лаҳза аз дили Кабир мегузашт: «Духтараш хушрӯ бошад? Агар Занҷир барин набошад ҳам, андаке ситорадор бошад, бас, як бало карда дилашро меёфтам.
Курсу факультеташро пурсидан даркор аст. Агар духтари хушрӯй бошад, ин одам катӣ хешу табор шавӣ, меарзад. Кирои домод шудан. Ҳама гап ба духтараш, агар ягон ҷавон ба чангаш надароварда бошад, худи фардо меёбамашу ба ман мерасӣ мегӯям. Духтур мешавад. Фақат дипломаш якта Занҷир барин духтар катӣ баробар аст». Кабир дар хаёл худро шавҳари духтари Бадалбек медиду зиндагии муҳташамашро бо ӯ пеши назар оварда, ширин табассум дошт.
— Кабирҷон, зану бача дорӣ? — гӯё аз афкори Кабир огоҳӣ ёфта бошад, Бадалбек ногаҳон мавзӯи суханро тагйир доду савол кард.
— Не, амак, ҳоли хонадор нашудаам. Пор донишгоҳро тамом кардам. Камтар кор кунам, зан намегурезад. Сараввал одам дар байни ҷамъият ба чӣ кор қодир буданашро собит кунад, мавқею мақомашро ёбад, сонӣ зан. Ба фикри ман, мақсади ҳаёт зан не, — Кабир суханони дар куҷое шунидаашро бо рағбат ба забон меовард ва бо ҳамин ҷавони ҳечу пуч набуданашро ба ин марди деҳотӣ нишон додан мехост.
— Хонадор шав, — даст афшонд Бадалбек. — Номзад дорӣ? Ё ягонтаашро таги чашм карда мондагистӣ-а? — Бадалбек ба гуфтаҳои вай эътиборе надода савол кард.
— Не, ҳолӣ ба як қарор наомадаам. Духтарон катӣ гапам намепазад. Ба ман ҳар хел духтар маъқул намешавад, амак. Вагарна дар фабрик духтар лаб задагӣ. Ман... ман... ман...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё