Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба дил мегуфт: «Одами кордону калонгир буданаш аён аст. Роҳи зиндагиро ёфтагӣ. Аз Занҷир умедвориаш ҳамту, ҳаваси пуч гӯям не, ин хел одам ҳарзахаёлӣ намекунад, ҳар роҳ катӣ дили духтарро меёбад. Кӣ медонад, балки Занҷир ба пулу моли ин мард мафтун гашта, бо ман имрӯзу фардо мекунад? ё... ё ҳозир ҳам ин одам катӣ ба маслиҳат гапро якта карду сонӣ рафта, ба ман хабар дод?... Агар ин тавр бошад, ин нокас маро масти лояқил карда, сонӣ ба ягон фалокат пешрав карданӣ аст. Занҷири хаппак бало будаӣ-ку! Туро мебинам!.. Агар бо ин одам маслиҳат дошта бошӣ, рӯзата сиёҳ накарда намемонам...»
— Кабирҷон, ҳамаи фарзандонам илм мегиранд. Як писарам дар Самарқанд, дар институти савдо аст, духтарам дар ҳамин ҷо — дар институти тиббӣ, як писарам эркатар баромад, ду моҳ хонда, факультети иқтисодиро партофт. Ҳозир дар хизмати ҳарбӣ. Агар хоҳам, аз хизмат ҳам гирифта мемондам, аз дастам меомад, лекин рафтанаш даркор буд: ақлаш медарояд, камтар ҳушьёр мешавад. Дигарҳош — мактабхон.
Шукр, ёздаҳта! Очаашон — қаҳрамон. Давлати одам ҳамин фарзанд-да, аз одам ҳаминҳо нусхаю нишона мемонанд, дигар ҳамааш беҳуда. Бори ҳар кадомашро баста мондам. Акнун, худо агар насиб кунад, боқӣ умрамро айшу ишрат катӣ мегузаронам. Бас-дия, ба дуньё як бор меоем, чӣ гуфтӣ, Кабирҷон?
— Дуруст, дуруст. Одам умраша фақат ба зану фарзанд бахшад, дар шаҳри мо, ако, ин хел одама занмизоҷ мегӯянд.
— Ҳо, бале. Ман тарафдори ҳамин гап. Росташро гӯям...

пешина
аз 538
навбатӣ