Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Кабирҷон, баъд аз ин ману шумо, ҷонам, додару бародарем. Додару бародари қиёматӣ! Ман ҳар касро «додар» намегӯям, баъди гуфтан як умр шарти бародариро ба ҷо меорам. Ман туро одам мекунам... Ту диплом дорӣ, корат соз, аммо ҳоли ҳозир ба ҷое нарасидӣ, — Бадалбек беибо якбора ба «ту» гузашт ва гӯё Кабирро қабл аз ин мешинохта бошад, дилпур ва омирона сухан мегуфт. Вай бо чӣ ҳисси ба дигарон номаълуме шахсони ба худаш дастнигарро зуд мешинохт ва ҷои сусти ононро зуд пайхас мекард. — Рости гап-да, қаҳрат наояд. Бахтат тофт — ситораат ба дилам нишаст. Минбаъд харҷи рӯзгорат ба гардани ман.
Дар дасти чӯпонҳо мол дорам. Мол дорӣ — ҳол дорӣ.
Як гӯсфандро кушта биёрам, як моҳ мехӯрӣ. Вақти меваю сабзавот мегӯям, як мошин ба хонаат оварда мепартоянд, ба як зимистонат мерасад. — Баъди як-ду қадаҳ шароб хӯрдан аз даҳони Бадалбек чун аз зери санги осиёб орди ваъда мерехту гӯё он ҳеҷ поён надошт.
Кабир ҳайрон буд, ки ба суханони вай бовар кунад ё не. Ба ҳар ҳол, дилҷӯӣ ва ваъдаҳои умедбахши ин мард асари адоват ва кину хусуматеро, ки дар дили Кабир аз ваҷҳи Занҷир пайдо гашта буд, сутурд ва дар қалбаш ба ин одами ҳимматбаланд ва беғаш як навъ ҳисси таслиму тавозӯъ пайдо шуд. Вай суханони Бадалбекро гӯш мекарду ӯро дар сари дурӯғ ё ваъдаҳои беасосе гирифтан мехост, вале ин ҳол ба вай муяссар намешуд. Бадалбек дар муомила гурги борондида буд, ҳамеша ҷои сусту заифи одамонро ҳадаф гирифта, мантиқан пухта сухан мекард ва тираш аксар ҳангом ба нишон мерасид.
Кабир ба суханони вай гӯё бодиққат гӯш медод, сар ҷунбонда маъқул мекард, механдид, табассум менамуду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё